Бо ҳидояти ӯ роҳи имрӯзу фардоямон мунаввар гардид

№5 (3485) 12.01.2016

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди муҳимест, ки мавриди истиқболи аҳолии кишвар гардид, зеро ин иқдоми мақоми қонунгузории кишвар ба ирода ва андешаи созандаи мардуми Тоҷикистон такя мекунад.

Ёдовар бояд шуд, ки истиқлолияти давлатӣ, ки барои Тоҷикистони азизи мо дар даҳсолаи охири қарни бистум насиб гардид, баробари овардани саодати беназире пас аз ҳазору сад соли давлати Сомониён бархӯрдҳо, мушкилоту муаммоҳоеро низ пешорӯи кишвари мо гузошт. Дар чунин рӯзгори нобасомон ва авҷи навмедию шикастарӯҳии мардуми мо ҳамчун пайки наҷоти миллати тоҷик Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он ҳодиву раҳкушову раҳнамои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон роҳбари нави ҷумҳурӣ интихоб шуд. Сарвари тозаинтихоб дар аввалин фурсати раҳнамоии худ ба мардуми шарифи Тоҷикистон бо муроҷиати бародарона ва фарзандона чунин изҳор дошт: «Халқи мо имрӯз душвортарин ва фоҷианоктарин давраи таърихи хешро аз сар мегузаронад.  Ҳақиқат талх аст, вале мо бояд иқрор шавем, ки қувваҳои муайян сабабгори фоҷиаи миллат гардиданд. Дар натиҷа будан ё набудани ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо зери хатар монд».

Эмомалӣ Раҳмон бо дарки масъулияти баланди инсонӣ дар назди таърих ва такя ба неруи бузурги ақлонии аҳли ҷомеа паёмадҳои ногувор ва дардноки ҷанги шаҳрвандиро барои мардуми хеш шарҳу тафсир намуд, то ки мардум бо эҳсоси баланди ватандорӣ аз хоби ғафлат бедор шуда, фоҷиаи нангини таърихиро ҷилавгирӣ намояд. Дар ин суханронӣ бо дард таъкид шуда буд, ки: «Даҳҳо ҳазор одами бегуноҳ шаҳиду маҷрӯҳ шудаанд. Имрӯз халқи тоҷик дар Ватани худ номи гурезаро касб карда, садҳо ҳазор одамон бе хонаву дар ва сарсону саргардон шудааст. Таърих ёд надорад, ки халқи тоҷик хонаашро бо дасти худ оташ зада, деҳу деҳкада ва шаҳристонҳоро  ба харобазор табдил дода бошад».

Муҳимтарин нуктае, ки дар зимни ин суханронӣ таъкид гардид, паёми сулҳ барои тамоми ҳамватанон ба шумор меравад, ки Роҳбари давлат онро ҳамчун ваъдаи таърихӣ ва маҳсули анҷоми рисолати аслии инсонӣ ва роҳбарии хеш муаррифӣ намуданд. Ба ин хотир буд, ки Сарвари давлат бо дарки масъулияти баланд баён доштанд: «Ман ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб мефаҳмам, ки дар ин давраи барои Ватан ва халқи ҷумҳурӣ хеле душвор кадом масъулиятро ба дӯш дорам». Талош барои эътирофи Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва роҳ ёфтани кишвари мо ба харитаи ҷаҳонӣ аз муҳимтарин нияту мақсади муроҷиати Роҳбари нави Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад, ки воқеан дар фурсати хеле кӯтоҳ самараҳои матлуберо барои миллати азияткашидаи мо насиб гардонид. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун инсони хирадварз, шахсияти бедордил ва меҳанпараст, нахустин иқдомеро, ки пеш гирифт, авфи умумӣ буд. Ин тадбир эътимод ва боварии мардумро боз ҳам бештар ба ояндаи дурахшон ва наздик омадани замони сулҳу оштии миллӣ тақвият бахшид. Дар кӯтоҳтарин фурсат ин барномаи мубораки миллатсоз бо талошҳои пайгиронаи Роҳбари давлат амалӣ гардид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари моро ҳамчун узви ҷудонопазири хеш шинохт. Дар баробари ин, таҷрибаи сулҳофариние, ки дар низоми таълимоти сиёсии Сарвари давлат ҷойгоҳи махсус касб карда буд, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ беназир эътироф шуда, ҳамчун модели оштии зидҳо дар давлатҳои рӯ ба ташаннуҷи сиёсӣ ба кор гирифта шуд. Аксарияти сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ, чун Кофе Анан, Владимир Путин, Нурсултон Назарбоев ба ин таълимоти сиёсии сулҳофаринии Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, татбиқи онро дар воқеияти бархӯрдҳои сиёсии ҷаҳони муосир таъсиргузор ва муфид арзёбӣ намуданд.

Пас месазад, ки бо ҳузури Пешвои миллати хеш дар ин асри ҷаҳонишавӣ, ки пайваста моро ба сӯи худогоҳии таърихӣ ва худшиносии миллӣ даъват намуда, ҳисси ифтихор аз тоҷику тоҷикистонӣ буданро дар вуҷудамон бедор месозад, роҳи имрӯзу фардои миллатамонро мунаввар ва чароғон нигоҳ дорем.

Нуралӣ НУРЗОД, номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров