- Зимни сафари навбатӣ Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон аз ноҳияи Роштқалъа низ дидан карданд.
Бояд гуфт, ки сафари Пешвои миллат ба Бадахшон барои сокинони ин сарзамини кўҳсор баробари як ид аст, зеро ободии вилояту беҳбудии рўзгори мардумро ба дунбол дорад. Зимни ин сафар Ҷаноби Олӣ нахустсанги Неругоҳи барқи обии «Себзор»-ро гузошт, ки боиси хурсандии сокинони ноҳия гардид. Пўшида нест, ки бунёди неругоҳи барқии обӣ барои ноҳия ободиҳои зиёдро дар пай дорад. Имрўзҳо теъдоди нафароне, ки хоҳони бунёди сехҳои гуногун, устохона ва ғайраанд, хеле зиёд аст, аммо камбуди неруи барқ садди роҳи ин масъала гардидааст, — мегўяд раиси ноҳияи Роштқалъа Юсуф Султонноёбов. — Агар то даврони Истиқлолият дар Бадахшон ҳамагӣ 6 неругоҳи барқи обӣ фаъолият дошта бошад, ҳоло теъдоди онҳо ба 50 адад расидааст, аммо талабот рўз то рўз зиёд шуда истодааст. То даврони Истиқлолият дар навоҳии вилоят ягона сех дар маркази Ҷамоати деҳоти «Поршинев» фаъолият мекард, имрўз дар деҳот беш аз 50 сехи гуногун ва корхонаҳо фаъолият доранд.
Баробари ба истифода додани неругоҳҳои барқи обии «Себзор» ва «Санобод» даҳҳо корхонаву сехҳои нав бунёд мегарданд. Муҳимтар аз ҳама, боигариҳои зеризаминӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Ба ин восита ҳам ҷойҳои нави корӣ пайдо мешаванду ҳам сатҳи рўзгори мардум баландтар мегардад. Ҷаноби Олӣ нахустин маротиба ба водии Шоҳдара ё худ ноҳияи Роштқалъа соли 1996 сафар карда буд, ки шароит вазнин буд. Дар маркази ноҳия он замон ҳатто хонаи дуошёна набуд. Ҷаноби Олӣ беморхонаи ноҳияро, ки ниҳоят вазъи ногувор дошт, аз назар гузаронда, новобаста аз мушкилоти иқтисодии замон, ба вазири тандурустӣ супориш дод, ки тибқи имкон беморхонаи ноҳиявиро бо ашёи зарурӣ таъмин намояд. Баъди ин супориш дар як муддати кўтоҳ беморхона комилан таъмир ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардид.
Баъдҳо маҳз бо супориши Ҷаноби Олӣ обод намудани маркази ноҳия оғоз шуд. Филиалҳои бонкҳои ҷумҳурӣ ифтитоҳ ёфтанд. Баъди маркази вилоят — шаҳри Хоруғ дуюмин варзишгоҳи барҳаво дар маркази ноҳияи Роштқалъа қомат афрохт. Бинои дуошёнаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд гардид. Бинои барҳавои мактаби мусиқӣ мавриди истифода қарор гирифт. Соли 2016 дар деҳаи Парзудҷ калонтарин беморхонаи вилоятии бемориҳои рўҳӣ мавриди истифода қарор мегирад.
Ҳамин тавр, ободгардонии на танҳо маркази ноҳия, балки деҳот шурўъ шуд. Ҳамаи ин ободкориҳое, ки ба чашм мерасанд, аз қудуми мубораки Ҷаноби Олист, — он лаҳзаҳои хотирмонро ба ёд овард раиси ноҳияи Роштқалъа Юсуф Султонноёбов.
Ш. Шоҳқосимов, «Садои мардум»