Ҳаштоду шаш баҳори зиндагиро пушти сар гузоштам. Чун дигар солхӯрдаҳо гармию сардии ҳаётро дида, талхию ширинии онро чашидаам. Аз ҷанги хонумонсӯзи фашистон огоҳам, ҳар гоҳ ки азоби он солҳоро ба ёд биёрам, чашмонам пуроб мешаванд.
Зиндагии он солҳо маҷбур мекард, ки гиёҳи кӯҳӣ ҷамъоварӣ ва тановул кунем. Дар мавсими баҳорон аз тангдастӣ харобу лоғар мешудем, калонсолон дар шаҳрҳо мегаштанд, то ризқу рӯзӣ ёбанд.
Дар деҳаамон – Зеробод зане бо исми Гулрух мезисту ду писар дошт. Писаронаш Ҳакиму Муқим нон мегуфтанду ба гардани ӯ савор мешуданд. Модар онҳоро ба сабр даъват мекард ва мегуфт:
- Ин қадар нон нагӯед, ду рӯз пеш ҷав коштем, пагоҳ ё фардо мерасад, бурда орд мекунаму нон мепазам, баъд чӣ қадаре ки хоҳед, мехӯред.
Мардуми деҳ ҳоло ҳам он суханони кампири Гулрухро ба ёд оварда, бо шӯхӣ «ҷав расид» мегӯянд.
Ҳар сол омадани фасли баҳорро бесаброна интизор мешудем. Чашмамон ба чаҳор дарахти рӯи ҳавлӣ буд, ки кай гул мекунанду бор меоранд. Вале як сол аҳволамон бадтар шуд, шамоли сахте вазиду борону барфи пуршиддат борид ва меваи дарахтонро ба замин яксон кард.
Илова бар ин, ба деҳа «безгак» ном беморӣ омад. Он шахси гирифторро чун барги сафеддор меларзонду лоғару бемадор мекард. Барои муолиҷа на дору буду на дармон. Табибони халқӣ тавсия медоданд, ки беморонро ба лаби дарёи Зарафшон бурда, ба сарашон якчанд тағора оби хунук резем.
Давлати абарқудрати шӯравӣ ҳам аз байн рафт. Ҷанги шаҳрвандӣ сар шуд, бо иғвою дасисаҳои хоинони ватан мардум чанд муддат сардаргуму бехонумон гаштанд. Бесоҳиб мондем. Ҳазор шукр, ки бо лутфу карами Илоҳӣ Сарвари ҷонфидо ёфтем. Маҳз ин Роҳбари ғамхор қомати хамидаи моро рост карда, Ватанамонро аз нестӣ боз дошт. Мардуми парокандаро ҷамъ намуду номи неки тоҷиконро машҳури ҷаҳон кард. Ба шарофати марди ҷонфидо ҳар рӯз қадамҳои устувор ба пеш гузошта истодаем. Ҳоло дар дохилу хориҷи кишвар Пешвои миллати моро шахси худододу ободкор меноманд.
Ёд дорам, ки Аҳмадшоҳи Масъуд гуфта буд: «Эмомалӣ Раҳмон барои Ватану миллаташ ҷонбозӣ мекунад, ӯро эҳтиёту дастгирӣ кунед. Ӯ ба шумо сулҳ меорад».
Дар бораи Пешвои ҳалиму некукор гуфтании зиёд дорам, аммо пирӣ имкон намедиҳад, ки ҳамаи онро рӯи коғаз орам.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умеду орзу ва ифтихори миллати тоҷик мебошанд. Паёми Президент аз 26 декабри соли 2019 гувоҳи он аст, ки барои ободии Ватан ҳама масъулем. Биноан, вазифаи ҷонӣ ва рисолати инсонӣ аст, ки камари ҳиммат бандему барои ободии Ватан беш аз пеш саҳм гузорем.
Каримқул ҶУМЪАЕВ,
нафақахӯр, ноҳияи Айнӣ