Чунин унвон дошт, роҳпаймоии ҷавонону варзишгарони вилояти Суғд, ки субҳи 16 — уми ноябри соли 2023 бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази маъмурии вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Ҷавонону варзишгарон бо тарфдорӣ аз сисёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз назди Маҷмааи таърихию фарҳангии «Истиқлол» то Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ роҳ паймуданд.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»