Бохтар: Бунёди 270 иншоот бо харҷи 900 миллион сомонӣ

№30 (4613) 27.02.2023

шаҳри БохтарДар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар то ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 900 миллион сомонӣ 270 иншооти таъиноти гуногун сохта мешавад.

Бино ба маълумоти мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар Валиҷон Ятимзода, соли 2022-юм 21 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Айни замон дар беш аз 100 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ босуръат идома доранд.

Аз иншооти бунёдшаванда 18-тои он корхонаҳои саноатӣ мебошанд, ки дар соли сипаригардида шаш адади он, аз қабили ҶДММ «Баракати диёр», ҶДММ «Ҳилоли Аҳмар», ҶДММ «Деҳаи ман», ҶДММ «Ёсинҷон Бохтар», ҶДММ «Умеди Бохтар» ва коргоҳи истеҳсоли қубурҳои асбестӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Дар маҷмӯъ, то ин ҷашни фархунда дар соҳаи роҳу нақлиёт 61 иншоот, савдою хизматрасонӣ — 60, саноат — 18, маориф — 15, тандурустӣ — 9, фарҳанг, варзиш ва кишоварзӣ — 4 ва обтаъминкунӣ 3 иншоот сохта мешаванд.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

 «Садои мардум»