Бохтар. Бунёди корхонаи гӯгирд идома дорад

№51 (4471) 26.04.2022

Дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар бунёди 17 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Тавре мудири шуъбаи рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар Авзал Юсуфзода иброз дошт, аллакай тайи моҳҳои сипаригардидаи соли ҷорӣ ду корхона — ҶДММ «Халили Иброҳим» самти фаъолияташ коркарди писта ва ҶДММ «Баракати истиқлоли диёр», ки ба истеҳсоли мебел машғул аст, сохта ба истифода дода шуданд ва 22 сокини маҳаллиро бо ҷойи кори доимӣ фаро гирифтанд. Ҳоло дар корхонаи истеҳсоли гӯгирд ва корхонаи бандубасти маҳсулоти кишоварзӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Феълан дар шаҳр 53 корхона ва коргоҳи саноатӣ фаъолият доранд, ки ба истеҳсоли молҳои саноатӣ, хӯрокворӣ ва сохтмонӣ машғул мебошанд. Дар онҳо 32 навъи маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда мешаванд.

- Корхона ва коргоҳҳои саноатии шаҳр, тайи се моҳи аввали соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта то 40 баробар ё ин ки 15,4 миллион сомонӣ зиёд намуданд. Дар ин давра нуҳ корхона, бинобар мавсимӣ будан ва пайдо накардани фармоишгар, фаъолият накарданд, — гуфт Авзал Юсуфзода.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»