Бохтар: Калонтарин корхонаи саноатӣ аз фаъолият монд

№114 (4697) 18.09.2023

ТрансформаторЧанд моҳ мешавад, ки дар шаҳри Бохтар ҶСК «Трансформатор» фаъолиятро қатъ кардааст. Дар анбори ин корхонаи азими саноатӣ беш аз 290 трансформатори истеҳсолгардида бе харидор аст.

Бино ба гуфти мудири шуъбаи иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар Афзал Юсуфзода, сабаб он аст, ки ҶСК «Барқи Тоҷик» шартномаро бо ин корхона қатъ кард.

- То фаъол будани корхона маҷмӯи маҳсулоти саноатии шаҳр ҳар моҳ 120 – 130 фоиз иҷро мешуд. Мутаассифона, чанд моҳи охир ин нишондод 100 – 101 фоиз иҷро мегардад, — афзуд Афзал Юсуфзода.

Дар шаш моҳи аввали соли 2022 ҶСК «Трансформатор» ба маблағи 15 миллиону 741 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда буд. Ин нишондиҳанда дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 7,4 миллион сомонӣ кам мебошад.

Афзал Юсуфзода маълумот дод, ки ҶСК «Барқи Тоҷик» аз ҶСК «Трансформатор» 20,3 миллион сомонӣ қарздор аст. Роҳбари техникии «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Бохтар Раҷабалӣ Бояков зимни нишасти матбуотии ин ниҳод эътироф кард, ки ҶСК «Барқи Тоҷик» шартномаашро ба ҶСК «Трансформатор» қатъ кардааст, вале нагуфт, ки сабаби қатъи шартнома чист.

Номбурда гуфт, ки ҶСК «Трансформатор» аз «Шабакаҳои тақсимоти барқ»-и шаҳри Бохтар 500 ҳазор сомонӣ қарздор аст.

-Аз рӯзе, ки ҶСК «Барқи Тоҷик» шартномаро бо ҶСК «Трансформатор» қатъ кард, ба «Шабакаҳои тақсимоти барқ»-и шаҳри Бохтар трансформатори нав ворид нагардидааст, — гуфт Р. Бояков.

Талошҳои мо барои суҳбат бо роҳбари ин корхона бенатиҷа анҷом ёфт. Ба зангҳои телефонии мо низ ҷавоб дода нашуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати мамлакат қарор додаанд ва ба ин соҳаи муҳими иқтисодиёти миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ҳамчунин, аз ҷониби Пешвои миллат солҳои 2022 — 2026 «Солҳои рушди саноат» эълон гардидааст.

Масъулинро зарур аст, ки ба ин корхонаи муҳими саноатӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд, то он фаъол гардад.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»