Бохтар. Маҷмааи варзишӣ бунёд мешавад

№ 19.07.2022

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар, қарор аст то ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ Маҷмааи варзишии гуногунсамт бунёд ёбад.

Тавре зимни суҳбат сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Қурбоналӣ Қурбонзода зикр кард, маблағи иншооти бунёдшаванда 72 миллион сомониро дар бар гирифта, он аз 30 ҳазор ҷойи нишаст иборат мебошад.

Бунёди Маҷмааи варзишӣ бо ҷалби маблағҳои ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шуда, аллакай ба унвонии мақомотҳои дахлдор барои оғози сохтмон аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон мактубҳои расмӣ фиристода шудааст.  Дар заминаи Маҷмааи варзишӣ, инчунин бунёди майдончаҳои варзишии футбол, волейбол ва футболи хурд низ ба нақша гирифта шудааст.

Бино ба маълумоти ҳамсуҳбатам, то ҳол дар маркази вилояти Хатлон маҷмааи варзишӣ сохта нашудааст ва бунёди он орзуи варзишгарони вилоят аст.

Ҳамчунин, дар “Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии вилояти Хатлон барои солҳои 2021 – 2025” дар самти соҳаи ҷавонон ва варзиш 18 лоиҳа қабул шудааст, ки маблағи лоиҳаи татбиқшуда 161 миллион сомониро дар бар мегирад.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

 “Садои мардум”