Бо мақсади истифодаи имкониятҳои мавҷуда, фароҳам овардани шароити созгор ва мусоидат ба рушди варзиш варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар то моҳи марти соли равон пурра бозсозӣ карда мешавад. Бо ин мақсад аз ҳисоби буҷети вилоят ва шаҳр наздики шаш миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Тавре сардори шуъбаи хазинадории раёсати молияи шаҳри Бохтар Шуҳрат Бозорзода иттилоъ дод, барои бозсозии дохили варзишгоҳ аз ҳисоби буҷети шаҳр 3,9 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, бо ин маблағ 10 ҳазор ҷойи нишаст, утоқҳои либосивазкунӣ, хобгоҳ ва таблоҳои варзишгоҳ пурра навсозӣ карда мешаванд.
Ба иттилои сардори раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон Абдулвоҳид Саъдуллозода, барои навсозии намои берунаи варзишгоҳи «Пахтакор» ду миллион сомонӣ ҷудо гардида, корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд ва дар муҳлати муайянгардида ба анҷом расонда мешаванд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»