Бонувони ҳуруфчин набояд фаромӯш шаванд

№31-32 (4771-4772) 11.03.2024

КАМПИР ДОВУТОВАВақте субҳгоҳон рӯзномаҳои тозанашрро ба даст мегирифтем, аз он бӯи ранги матбаа меомад. Ҳангоми мутолиа агар хатое медидем, «ана хато кардаанд», — гуфта зуд эрод мегирифтем. Он хатоҳо айёме мерафтанд, ки ҳуруфчинон дар матбаа ҳар як ҳарфи оҳанинро чида, пас ба ресмони ғафс баста, ба саҳифа (колонка) мегузоштанд. Ҳар касе аз кори заҳматталаби ҳуруфчин ва мусаҳҳеҳ огоҳ бошад, ­таҳ­син мехонад.

Устод Абулқосим Лоҳутӣ соли 1926 аввалин маҷмӯаи шеърҳояшро бо номи «Адабиёти сурх» дар матбааи шаҳри Москва ҳуруфчинӣ карда, заҳмати тоқатфарсои онҳоро дар шеъри «Ба рафиқ ҳуруфчин» соли 1932 тасвир намудааст.

Дар навоҳии ҷумҳурӣ солҳои пеш рӯзномаҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ дар матбааҳои назди редаксия бо ҳарфҳои оҳанин ҳуруфчинӣ мешуданд. Баъзан аз набудани чароғи иличӣ ҳуруфчинии саҳифаҳо ва чопи рӯзномаҳо то соати 3-4-и шаб тӯл мекашид. Ба ҳама мушкилиҳо нигоҳ накарда, мардону занон паҳлуи ҳам саҳифаҳои рӯзномаҳои навбатиро ҳуруфчинӣ мекарданд. Ба ин кор бештар занон ва ҷавондухтарон ҷалб мешуданд.

Мутаассифона, меҳнати ҳуруфчинони матбаа ҳамеша паси парда мемонад. Дар арафаи Рӯзи матбуот тасмим гирифтем аз бонувоне ёд кунем, ки солҳои зиёд, то ба нафақа баромадан дар матбааи ноҳияи Рӯшон бенуқсон кор карда буданд.

МАВЧИГУЛ АМРЕНОВАМоҳи сентябри соли 1949 аз матбааи шаҳри Хоруғ қуттиҳои пур аз ҳуруфи оҳанин, дастгоҳи коғазбурӣ, ранг, дастгоҳи чопи дастӣ ва лавозимоти дигари заруриро ба матбааи навтаъсиси ноҳияи Рӯшон оварданд. Ҳамроҳи лавозимоти чопӣ мутахассис -Татяна ном русдухтар аз шаҳри Душанбе ва ҷавонписар Мирзошо аз матбааи шаҳри Хоруғ барои чопи шумораи аввалин рӯзномаи ноҳиявӣ омаданд. Онҳо хабару мақолаи дастнависро ҳуруфчинӣ карданд.

Ҳамин тариқ, шумораи аввалини рӯзномаи ноҳиявии «Рӯшони советӣ» 25-уми сентябри соли 1949 аз чоп баромада, дастраси хонандагон гардид. Татянаи мутахассис бояд аз ҳисоби занон ва ҷавондухтарон чанд шогирд омода мекард ва худаш ба Душанбе бармегашт. Азбас­ки ҳуруфчинӣ ва чопи рӯзнома то бевақтии шаб давом мекард, бонувон ба ин касб таваҷҷуҳ надоштанд.

Аввалин мутахассисони маҳаллӣ Мирзохумор Мардихудоев, Сангалӣ Наврӯзбеков ва Искандар Давлатхонов ин касбро омӯхта, минбаъд ба духтарони маҳаллӣ кори ҳуруфчинӣ ва чопи рӯзномаро ёд доданд.

Дар натиҷа, сол то сол шумораи занону духтарони ҳуруфчин зиёд мешуд. Давлатсултон Холбашова, Савсан Меҳралиева, Рухан Мирзоева, Султонбегим Хайруллоева, Маҳтоҷ Додхудоева, Шоҳхотун Муллоева, Кампир Довутова, Мавҷигул Амренова аз зумраи онҳо буданд.

Оғози солҳои 80-уми асри ХХ ҳуруфчинии дастиро ҳуруфчинии барқӣ (горячий набор), ки тариқи дастгоҳи замонавии «Линотип» иҷро мешуд, иваз кард. Бо сардории мудири матбааи ноҳия Мирзохумор Мардихудоев ҳуруфчинон Кампир Довутова ва Мавҷигул Амренова тарзи чидани мақола ва хабарҳоро дар дастгоҳи «Линотип» ба зудӣ аз худ намуда, минбаъд мустақилона хабару мақолаҳоро ҳуруфчинӣ карданд. Аз ин баъд саҳифаҳои рӯзнома ҷолибу рангин ба дасти хонанда мерасид. Вале баъзан рӯзҳо ду ё се сатри ислоҳшударо ҳанӯз дар саҳифаҳо ҷо накарда қувваи барқ қатъ мешуд. Навбатдорону ҳуруфчинон рӯзномаро то соатҳои 3 ё 4-и шаб чоп карда, ба почтаи ноҳия месупурданд. Корманди собиқадори матбааи ноҳияи Рӯшон Кампир Довутова он айёмро ба хотир оварда мегӯяд: «Ҳангоме ба чопхонаи матбааи ноҳияи Рӯшон ба кор омадам, хеле ҷавон будам. Сардори матбаа Мирзохумор Мардихудоев маро хуш истиқбол гирифт. Баъзан то нисфи шаб ҳамроҳи ходимони редаксия дар матбаа монда, рӯзномаро ба чоп омода мекардем. Аз соли 1984 то барҳам хӯрдани матбаа — соли 1999 бо журналистон ҳамкор будам. Қисми зиёди умрам дар ҳалқаи одамони бомаърифат гузашт. Ҳоло бо ёди он айёми ширин дилам гум мезанад ва афсӯс мехӯрам, ки матбааи ноҳияи Рӯшон барҳам хурд».

Мавҷигул Амренова то барҳам хӯрдани матбааи ноҳия ба сифати ҳуруфчин кор мекард:

«Ҳар вақте маро пурсанд, дар куҷо кор кардед? Ҳамеша як ҷавоб доштам: дар редаксияи рӯзномаи «Овози дӯстӣ». Матбаа ва редаксия як коллективи тифоқ буданд…

Мо реҷаи муайяни кор надоштем. То бевақтии шаб кор мекардем, то рӯзнома дар вақташ ба дасти хонанда расад. Бо ходимони адабии рӯзнома дӯсту бародар шуда будем, шӯхиҳо мекардем ва ин ҳар гуна душвориро он лаҳзаҳо ҷуброн мекард. Имрӯз аксарияти кормандони матбааи ноҳияи Рӯшон дар қайди ҳаёт нестанд, вале дар маҳфилу ҷамъомадҳо ҳамеша ёдашонро гиромӣ медоранд».

Занони собиқадори ҳуруфчин дар нафақаанд, вале набояд аввалин занони ҳуруфчин ва заҳмати онҳо, ки дар оғоз баъзан саҳифаҳои рӯзномаро зери рӯшноии чароғи керосинӣ дона-дона ҳарфчинӣ мекарданд, фаромӯш шаванд.

Тилло НЕКҚАДАМОВ,

«Садои мардум»