Дар зарфи се даҳсола сокинони кишвар бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба созандагиву ободкорӣ иқдом карда, корҳои ниҳоят шоистаро ба анҷом расониданд. Агар аз ободкориҳои Тоҷикистон ҳарф занем, ҷилд — ҷилд китоб хоҳанд шуд. Симои ҳар як ноҳия, шаҳр ва вилоят дар ин муддат зебову дилоро ва гулпӯш гаштанд. Бахусус, пойтахти кишвар – шаҳри Душанберо шинохта намешавад: биноҳои зебои Маҷмааи давлатии «Қасри миллат», Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон», Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», «Кохи Наврӯз», «Душанбе – Плаза», боғҳои гулбасари ба номи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ ва дигар биноҳои маъмурӣ ва истиқоматӣ ба пойтахт ҳусни нав зам карданд.
Аз валинеъматии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ дар муддати кӯтоҳ симо дигар карданд. Сафарҳои пайвастаи Пешвои миллат ба ин вилоятҳо, хусусан, ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон на танҳо ин диёри домони гардунро ободу дилрабо кард, балки дар ҳаёти сокинони он низ дигаргуниҳои назаррас ворид намуд.
Агар аз сафари аввалини Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маркази ВМКБ — шаҳри Хоруғ — 13 июни соли 1993 то сафари охирин — сафари 51-уминаш (соли 2020) бунёдкориҳо ва созандагиҳоро ҳисоб кунем, охир надорад. Тасаввур кунед, Ҷаноби Олӣ зиёда аз 50 маротиба ба шаҳру навоҳии ВМКБ сафари корӣ доштанд ва дар ҳар сафарашон агар 3-4 иншоот ё бинои нави маъмурӣ, истиқоматӣ ва мактабҳои замонавиро мавриди истифода қарор дода бошанд, пас дар ин муддат тахминан 200 иншооти нав дар вилоят сохта шудаанд. Ҳол он ки ин рақамҳо ду-се баробар зиёдтаранд.
16 июли соли 1993 Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои аввалиндараҷаи ба эътидол овардани вазъи иқтисодию сиёсии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, «Дар бораи барномаи тараққиёти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» аз 12 апрели соли 1995, «Барномаи ислоҳоти иқтисодии вилоят барои солҳои 1995-2000» аз соли 1997, «Дар бораи тадбирҳои аввалиндараҷаи беҳтар намудани вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Мурғоби ВМКБ» аз 2 апрели соли 2005, «Доир ба барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар давраи то соли 2015» аз 4 июли соли 2006, «Дар бораи нақша — чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» аз 4 июли соли 2007 ва ғайра ба имзо расиданд. Бояд зикр намуд, ки ин аввалин ва охирин қарору барномаҳо аз хусуси тараққиёти вилоят набуданд, балки доир ба ҳар соҳа барномаҳои гуногун оид ба инкишофи маориф, тараққиёти иқтисодии вилоят, таъмин бо қувваи барқ, сохтмони роҳҳо, пешрафти соҳаи қӯтоспарварӣ, заминкушоӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ, дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ, компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ, истифодаи захираҳои барқӣ, рушди геология ва ғайраҳо ба имзо расиданд.
Дар мушкилтарин солҳои ҷумҳурӣ вилоят аз назари Ҷаноби Олӣ дар канор намонда, сохтмони шоҳроҳи Кӯлоб-Дарвоз-Бадахшон-Кулма, Неругоҳи барқи обии «Помир-1», Неругоҳи барқи обии «Андарбак» дар водии Язгуломи ноҳияи Ванҷ ва пахши барномаҳои «Телевизиони Тоҷикистон» дар шаҳру навоҳии вилоят амалӣ шуданд.
Аз 21 марти соли 1994, дар арафаи иди Наврӯз, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хоруғ сафар карда, ба кори Неругоҳи барқи обии «Помир-1» ҳусни оғоз бахшиданд.
Соли 1999 дар ҷумҳурӣ 1100 — солагии Давлати Сомониён ботантана ҷашн гирифта шуд. Вобаста ба ин санаи фархунда моҳи январи соли 1999 дар ноҳияи Ванҷ, дар водии Язгулом Неругоҳи барқи обии «Андарбак» ба кор андохта шуд ва мушкилоти ин водии дурдасти кӯҳистон дар зимистон аз камчинии барқ пурра ҳал шуд.
30 январи соли 1999 сокинони вилоят шоҳиди воқеаи таърихӣ — кушодашавии шоҳроҳи Кӯлоб — Дарвоз гардиданд. Минбаъд, сокинони вилоят ҳама фасли сол бемамониат ба пойтахт рафтуомад доранд. 22 сентябри соли 1999 Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи расмии шоҳроҳи Мурғоб — Кулма — Қароқурум иштирок кард. Метавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бандари ҷаҳонӣ пайваст шуд.
Сафарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хеле босамар ва хотирмон гузаштаанд, аммо сафаре, ки барои ҷашни 13-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ соли 2010 барқарор гардид, ниҳоят самимӣ ва бо тантанаҳои хотирмон анҷом ёфт. Ҷаноби Олӣ дар он сафари ҳафтрӯзаашон имкон пайдо намуданд, ки ноҳияҳои вилоятро дида, бо сокинон вохӯриву мулоқотҳои самимӣ гузаронанд. Боздид аз ноҳияҳо имкон доданд, ки аз камбудиҳои ин ё он соҳа бештару хубтар огоҳ шаванд. Талаботи мардумро бевосита аз забони онҳо шунаванд.
Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев 5 августи соли 1992 ташкил шуд. Дар оғози фаъолият он ду факултет — гуманитарӣ ва илмҳои табиӣ дошт. Соли аввали хониш 200 донишҷӯ қабул кард ва ба донишҷӯён 25 омӯзгор, 1 доктори илм ва 6 номзади илм дарс мегуфтанд. Бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алҳол дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ 8 факултет бо 52 ихтисос ба 4000 донишҷӯ сабақ медиҳанд. Ҳайати устодон ва омӯзгорон 344 нафар — 13 доктори илм, зиёда аз 50 нафар номзади илм иборат мебошанд. Донишгоҳ ду хобгоҳи замонавӣ дар ихтиёри 480 донишҷӯён дорад. Алҳол сохтмони бинои маъмурии донишгоҳ идома дорад. Донишгоҳи давлатии Хоруғ бо донишгоҳҳои Канада, Англия, Испания, Покистон, Малайзия, Олмон, Ҳиндустон ва Федератсияи Россия робитаҳои илмиро ба роҳ мондааст.
Ҳама ин дастовард самараи Истиқлолияти давлатӣ ва ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Аз рӯи рақамҳое, ки дар даст дорем, то соли 2018, яъне дар 27 соли Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру навоҳии ВМКБ зиёда аз 1700 иншооти гуногуни маъмурӣ ва истиқоматӣ ба маблағи 2 миллиарду 240 миллион сомонӣ сохта шудаанд. Аз ин миқдор дар вилоят 155 муассисаи нави таълимӣ бо истифодаи 215 миллион сомонӣ сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифтанд.
Ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҳисоби буҷети давлатии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи хориҷӣ сохтмон ва таъмиру навсозии зиёда аз 90 иншоот бо маблағи 2 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Сокинони вилоят ҳар як сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ — ро фоли нек медонанд ва бесаброна интизоранд. Зеро сафарҳояшон бахосиятанд ва танҳо ваҳдат, ободкориву созандагиро боқӣ мегузоранд.
Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд дар ин маврид хуб фармудааст:
Пазмон шудем сурати гарму камоли ту,
Ай кони лутфу чеҳраи хандон, хуш омадӣ!
Боз о, ки номи неки ту вирди забони мост,
Ай шермарди шуҳраи даврон, хуш омадӣ!
Як пора хоки поки Ватан кӯҳсори мост,
Шаҳбози мо, ба кӯҳи Бадахшон хуш омадӣ!
Тиллои НЕКҚАДАМ,
«Садои мардум»