Сокини деҳаи Жаки ноҳияи Дарвоз Абдусаттор Абдурозиқов дар заминаи дастури роҳбарияти олии мамлакат ҷиҳати ба кор андохтани замини бекорхобида дар мавзеи Хамбои деҳа 3 гектар боғи нави мевадиҳанда бунёд намуд, ки ҳоло он самаровар аст.
Дар боғ асосан дарахтони ангуру анор, себу нок, зардолую себи биҳӣ, анҷиру бодом, хурмову писта ва олуча парвариш ёфта, ҷиҳати обшоркунии он аз чашмаи мавзеи Марғ, қад-қади кӯҳҳо бо истифода аз усули хоси муҳандисӣ тавассути қубурҳои пластикӣ дар масофаи 1 300 метр об оварда шудааст.
Ба таъкиди мутахассисони соҳа, боғи мазкур дар мавзеи иқлимаш барои нигоҳубину парвариши дарахтони мевадиҳанда мувофиқ бунёд шуда, ҳоло ба макони ҷолибу назаррабои ноҳия табдил ёфтааст.
Чанде пеш иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Дарвоз Умедҷон Носирзода аз боғ дидан намуда, барои бунёди он ва иқдоми неку созанда ба соҳиби боғ миннатдорӣ намуд.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»