Чанде пеш бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат намояндагони сафорати 25 давлат, аз ҷумла, ҷумҳуриҳои Украина, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Туркманистон, Арабистони Саудӣ, Қатар, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Федератсияи Россия, роҳбарони Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо ва Ташкилоти Оғохон оид ба рушд бо табиати зебою афсонавии мавзеи «Арху»-и дараи Ромит ошно шуданд.
Онҳоро вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода ва сокинони ин мавзеъ бо нону намак, суруду тарона истиқбол гирифтанд.
Зимни сафар меҳмонон бо намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзии минтақа шинос шуда, сипас, дар хоҷагии деҳқонии «Бадриддин», ки ба занбӯриасалпарварӣ машғул аст, бо асали табиӣ ком ширин карданд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дараи Ромит бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1999 минтақаи сайёҳӣ ва туризм эълон гардидааст ва аз ин ҷост, ки солҳои охир дар он бунёдкорӣ авҷ мегирад.
Корҳои сохтмонии Маҷмааи сайёҳии «Арху» моҳи апрели соли 2018 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат оғоз ва соли равон бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуд.
Дуюми августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат дар қатори даҳҳо иншооти ҷашнӣ Маҷмааи сайёҳии «Арху»-ро, ки дорои меҳмонхонаи замонавӣ мебошад, мавриди истифода қарор доданд.
Мавзеи «Арху» дар баландии 1900 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифта, аз канораш дарё ҷорист, ки оби зулолаш аз чашмаҳо ва пиряхи кӯҳҳои сарбафалаккашида маншаъ мегирад. Ин минтақа бо набототу ҳайвонот, парандаҳои нодири гуногун ва табиати афсонавӣ диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамояд.
Арху калимаи суғдӣ буда, маънояш баландӣ ё баландмакон аст. Сабаби Арху ном гирифтани мавзеъ дар он аст, ки ҳаштод сол пеш болотар аз мавзеи истироҳатӣ деҳае бо ҳамин ном вуҷуд доштааст, ки баъдан сокинони он ба қисматҳои ҳамвории дараи Ромит кӯч бастаанд.
Он рӯз меҳмонон то шом дар «Арху» истироҳат карда, аз боду ҳавои ҷонбахш ҳаволат бурданд.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингҳ таассуроташро аз ин боздид чунин баён намуд: «Фаъолияти кориамро дар Тоҷикистон ба тозагӣ шурӯъ карда бошам ҳам, дар бораи ин сарзамини офтобию афсонавӣ борҳо шунидаву хондаам. Хушбахтона, табиати нотакрору афсонавӣ ва кӯҳҳои осмонбӯси мавзеи «Арху» ва меҳмоннавозии мардуми тоҷикро аз наздик дидам, ки ба ман хеле писанд омад. Табиати нотакрори «Арху»-ро дида, ман тасмим гирифтам, ки рӯзҳои наздик ба ин мавзеъ бори дигар сафар кунам. Ҳиндустон низ кӯҳҳои баланд дорад, вале боду ҳаво ва обҳои мусаффо дар он ҷо кам дида мешавад. Мо метавонем имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро дар Ҳиндустон ташвиқу тарғиб намоем. Дар сурати ба роҳ мондани хатсайри Тоҷикистону Ҳиндустон бовар дорам, ки сайёҳони зиёди Ҳиндустон ба кишвари офтобию афсонавии шумо ташриф меоранд».
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»