Бозгашти Тӯраҷонзода ба саргаҳи иғво

№85-86 (3070-3071) 09.07.2013

Вақт аст, ки пардаи асрори нуҳуфтаро медараду асли воқеиятро барои шоҳидон, сарфи назар аз зарурати эшон ба ин ё он иттилоот, рӯшод месозад. Он гоҳ мебинем, ки асл дигар асту онеро, ки хоҷа мепиндорем, фармонбардору иҷрогаре беш нест.

Ҳафтаи гузашта раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон  Муҳиддин Кабирӣ бо хабарнигори барномаи «Жарфно»-и шабакаи телевизионии «Нур»-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон чунин баён дошт: «Агар Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз ҳам ба паймонҳои соли 1997 байни тарафҳои тоҷик басташуда пойбанд бошад, эҳтимол ҲНИТ дар интихоботи президентии соли ҷорӣ аз номзадии ӯ пуштибонӣ кунад».

Вале ӯ хеле зуд ишораю посухеро аз ҷониби дигар мунтазир нашуда, ҷониби эътилофбандӣ бо Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон шитофт. Чаро чунин кард? Магар сарзаниши ҷиддие шунид?  Магар шахсе болотару таъсиргузортар аз ӯ дар ҲНИТ ҳаст?

Таҳлили раванди вазъият ва якбора ба маъракаҳои сиёсӣ пайвастани баъзе чеҳраҳои собиқи сиёсӣ собит месозад, ки Муҳиддин Кабирӣ дар ҲНИТ яккатоз нест. Вале кист оне, ки қодир аст андешаашро болои Муҳиддин Кабирӣ таҳвил диҳад? Ду нафаре, ки Кабирӣ бар бузургиашон қойил буд, рӯйи ҳаёт нестанд. Пас кист ӯ?

Чунин шахсият танҳо метавонад Акбари Тӯраҷонзода бошад. Ҳамоне ки вобаста ба тағйирёбии мавқею ҷойгоҳаш дар ҷомеа дар давраи мушаххас худро ба оғӯши ҲНИТ мезанад ё худро аз он берун мекашад. Пайваста бо ҲНИТ бозӣ дорад. Аниқтараш ҳизбро дар бозиҳои хеш истифода мебарад.

Ҳама шоҳиданд, ки чӣ гуна дар солҳои 90-уми асри ХХ  ҲНИТ –ро барои пиёда кардани мақсадҳояш ба майдони сиёсат кашид. Вале баъди истиқрори сулҳи тоҷикон ба маснади муовини аввали Сарвазир расиду ҲНИТ-ро дар тамоми бадбахтиҳои ба сари тоҷикон омада гунаҳгор кард: «Ҳама медонад, ки то охири соли 1992 идораи қозиёт буд ва ман сарпарасти он будам. Ин идора чӣ ҷойгаҳ байни мардум дошт ва дар ин идора чӣ хидматҳо барои нақши ислом дар Тоҷикистон кардем, дӯст ҳам медонад, душман ҳам медонад. Ва ин бародароне, ки Ҳизби наҳзат ташкил карда буданд, ба ҷои хизмат ба ислом ва мусулмонон кишварро ба ҷанг кашиданд ва ин мусибати муштарак моро ҳам маҷбур сохт, ки  ҳамроҳи ҳазорон нафар ҳамватанон кишварро тарк намоем…». («Ҷумҳурият», 20 ноябри соли 1999, «Ихтилофи назар ё назаре ба ихтилоф»).

Ҳамоне ки 23-юми июни соли 2012 дар конфронси ба хотири ҷашни Ваҳдат баргузорнамудаи ҲНИТ чунин эълом дошт:  «ҲНИТ дар митингу майдонбозиҳо шарик набуда ва асосан мардумро ба майдон бадахшониҳо ва қаротегиниҳо кашиданд. Ва  ҳамонҳоянд гунаҳгори асосии даргириҳои солҳои 90-ум дар Тоҷикистон».

Ҳамоне ки моҳи марти соли ҷорӣ чунин фатво дод: «… додани закот, ушр (даҳяки ҳосили зироат) ва садақот ба ҳизбҳои сиёсие, ки барои ислом фаъолият мекунанд, ҷоиз аст ва савобаш бештар аст аз додани таом ба мардум барои хайру худоиҳо». Ва дар паяш  дастури раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ оид ба «ҷамъоварии ёрии яквақта барои баргузории ҷашни 40-солагии ҲНИТ» («Наҷот» №11(728) аз 14 марти соли 2013) баромаду амалӣ шуд.

Ҳафтаи гузашта, ҳамин ки Муҳиддин Кабирӣ дар бораи эҳтимолияти дастгирии Президенти кунунӣ аз ҷониби ҲНИТ изҳор кард,  дар паяш садои Акбари Тӯраҷонзода баланд шуд: «Майдони сиёсат ҳамин мебошад, ки мо бояд ҷомеа ва мардумро бедор кунем, то тақдири кишвару ояндаи худро ба дасташ гирад». Ва … рӯзи дигараш мо эътилофи Кабирию Зоировро дидем.

Аз рӯзи 5-уми июл Кабирию чанде дигар, ба қавли рӯзноманигор В. Памфилова «намояндагони мухолифин»,  дар шаҳри Маскав қарор доранд. Гӯё барои ширкат дар конфронсе зери унвони «Тоҷикистон дар роҳи сулҳу созиш» рафтаанд. Вале Иззат Амон, ки аз ташаббускорони ташкили конфронс мебошад, нияти сафарро шарҳи дигар додааст: «… мақсади сафари намояндагони мухолифин дар шароити роҳаттар ҳаллу фасл ва эълони номзади ягона барои ширкат дар интихоботи президентӣ мебошад». Дар ҳар сурат конфронс аз оғоз ташкилкунандагонашро навмед кард. Шахсе, ки «гули сари сабад» дар кори он бояд мебуд, Акбари Тӯраҷонзода, бо сабаби номаълум, иштирок накард.

Такрори таърих аст ё гардиши рӯзгор дар кори ин конфронс аксарият онҳое мебошанд, ки солҳои 90-уми асри гузашта чунин ҷаласасозиҳоро ба роҳ монда буданду оқибат қариб Тоҷикистонро ба вартаи нобудӣ расонида буданд.

«Иштибоҳоти қаблиро такрор карда, монанди ин ки мо ба соли 92-юм баргашта истодаем», — мегӯяд Темур Варқӣ, яке аз иштирокчиёни конфронс, собиқ рӯзноманигори тоҷик, ки ҳоло худро коршинос доир ба Тоҷикистон муаррифӣ мекунад.

Дуруст дарк кардаед, ҷаноби Варқӣ! Шумо «иштибоҳоти қаблиро такрор карда», моро ба соли 92-юм баргардониданиед! Шумо ҳатто мустақилона наметавонед номзадеро аз байни худ интихоб кунед. Ҳатман дигарон бояд ба шумо «машварат» (дар асл дастур) диҳанд. Мақсад аз ташкили конфронс низ ҳамин аст.

Вале шумо як чизро фаромӯш кардаед. Шумо вазъиятро метавонед шабеҳи соли 92 шуморед. Вале тоҷики имрӯз оне нест, ки дар соли 92-юм аз ҷоҳталабию курсихоҳии чанд тӯраҷонзодамиҷозе ба майдонҳо рехту беш аз 150 ҳазор ҳаммиллати худро бо дасти худ  кушт, садҳо миллион зарар бар иқтисодиёти худ ворид кард, зарбаи ҳалокатборе бар имиҷи миллату давлати хеш зад, ки то имрӯз аз  шармаш сархам аст. Ин таҷрибаи ҳаётӣ дигар ӯро ҳушдор додааст. Ҳушдор аз ин конфронсу даҳҳо конфронсу машваратҳои муғризонаи дигаре, ки барои шумоҳо доир хоҳанд кард.

Валиҷони КАМОЛ