Дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 брифинг баргузор гардид.
Сардори раёсати кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Аҳмад Саидмуродзода изҳор дошт, ки аз 1-уми январи соли 2025 Тоҷикистон расман ба иҷрои вазифаи раиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) шурӯъ мекунад. Дар доираи ин рисолат ҷумҳурӣ нақша дорад, ки як қатор ташаббусҳоро амалӣ намояд. Аллакай, моҳи январи соли 2025 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус аввалин машварати коршиносон оид ба мувофиқа кардани қадамҳои минбаъда баргузор мешаванд.
Дар брифинг афзалиятҳои асосии раёсати ояндаи кишвар дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ, инчунин, дар самти муқовимат ба мушкилиҳо ва таҳдидҳои амниятӣ ва рушди институтсионалии ИДМ пешниҳод карда шуд.
Аҳмад Саидмуродзода зикр намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон консепсия ва нақшаи амалро оид ба раёсати дарпешистода тасдиқ кардаанд. Барнома 113 чорабиниро дар бар мегирад, ки дар байни онҳо ба Ҷашни 80-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ диққати махсус дода мешавад.
Дар брифинг роҳбарони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои аъзои ИДМ дар Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ бо консепсияи раёсати Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳо оид ба гузаронидани он шинос шуданд.
Аз байни рӯйдодҳои асосии марбут ба раёсати Тоҷикистон чорабинии беназири муштараки сатҳи баланд оид ба ҳамкории ИДМ ва СММ хоҳад буд. Он бори аввал моҳи сентябри соли 2025 дар Ассамблеяи генералии СММ баргузор мешавад. Тоҷикистон, инчунин, ният дорад, ки дар қабули қатъномаи нави Ассамблеяи генералии СММ оид ба ҳамкории СММ ва ИДМ саҳм гузорад ва бо ин роҳ эътибори байналмилалии ИДМ-ро тақвият бахшад.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»