Буҳрони Афғонистон ва таъсири эҳтимолии он ба Осиёи Марказӣ

№68 (4488) 04.06.2022

Чанде пеш дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Раванди ташаккули буҳрони Афғонистон ва таъсири эҳтимолии он ба фазои сиёсии минтақаи Осиёи Марказӣ: нигоҳ аз Тоҷикистон» суҳбати гирди миз баргузор шуд.

Онро директори марказ Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ бахшида, зикр кард, ки Афғонистон наздиктарин ҳамсояи ҷанубии Тоҷикистон аст, аз ин рӯ, наметавонем ба ҳодисаҳо ва равандҳои он бетафовут бошем. Инчунин, қариб нисфи аҳолии Афғонистонро тоҷикон ташкил медиҳанд, ки ин воқеият ҳамбастагии моро бо он кишвар бештар мегардонад.

- Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори он аст, ки дар кишвари ҳамсоя сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳукмфармо бошад ва тавонем, ки бо онҳо дар фазои ҳамсоягии нек ва ҳамкориҳои созанда зиндагӣ кунем. Бо дарназардошти он ки кишвари мазкур ба буҳрони амиқи гуманитарӣ мувоҷеҳ гаштааст, Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо шарикони байналмилалӣ ҳама имконияти логистикиро барои расонидани ёрии башардӯстона ба мардуми азиятдидаи Афғонистон пешниҳод намудааст, — афзуд ӯ.

Зикр гардид, ки бар асари шиддат гирифтани ихтилофоти дохилӣ ва эҷоди ноамниҳои марзӣ бо кишварҳои ҳамсарҳад ҳодисаҳои Афғонистон метавонанд паёмадҳои манфиро барои кишварҳои Осиёи Миёна ба бор оранд. Буҳрони ҳозираи ҷаҳон ихтилофоти мавҷудаи дохилии Афғонистонро боз ҳам ваҳимтар сохта, бо дахолати доираҳои берунӣ эҳтимоли таҷзияи кишварро дар байни гурӯҳҳои низомию сиёсӣ дар пай дорад. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки масъулият дар таъмини амнияти минтақавӣ вазъиятро таҳти назорат қарор додааст ва яке аз пешниҳодҳои муҳими Пешвои миллат дар ин самт ташкили камарбанди амниятӣ дар атрофи сарҳадоти муштараки минтақавӣ бо ин кишвар аст, ки он то ҳол аҳамияташро гум накардааст.

Сипас, саркотиби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих Қосимшо Искандаров, директори Маркази тадқиқоти геополитикии Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон (ДСРТ), доктори илмҳои таърих, профессор Гузел Майтдинова, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Холиқов, коршиноси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҳмуд Ғиёсов, котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳрамбек Маҳрамбеков ва номзади илмҳои таърих, дотсенти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Довар Қодиров суханронӣ намуданд.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»