«Бунёдгузори нашри китоб дар Осиёи Марказӣ»

№71 (4654) 29.05.2023

Китоб МирзоТаҳти чунин унвон дар Кохи фарҳанги «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба 150-солагии маорифпарвари тоҷик Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд.

Дар он роҳбарияти вилояти Суғд, олимону донишмандон аз минтақаҳои гуногуни кишвар ва хориҷи мамлакат ширкат намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода изҳор дошт, ки гузаштагони мо дар истеҳсоли коғаз, шакл­ҳои гуногуни китобат, рангрезӣ, ҷилдбандӣ, муқовасозӣ, саҳҳофӣ, зарнигорӣ, нақшу нигориш, чарм­гарӣ ва дигар ҳунарҳои вобаста ба китобсозӣ шуҳрат дошта, машҳуртарин коғазҳои самарқандиву хӯқандӣ маҳсули ҳунари онҳо буданд.​

Яке аз бунёдгузорони нашри муосири китоб, тоҷири китоб Ҳоҷӣ Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ ба шумор мерафт, ки аз ҳунару маҳорати ӯ донишмандони Ҳиндустону Афғонистон, Туркияву Арабистон огоҳ буданд.

Конференсия дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд идома ёфта, олимону донишмандон маърӯза намуданд.

Дар доираи баргузории чорабинӣ парда аз рӯи нимпайкараи Сиддиқхоҷаи Саҳҳофи Хуҷандӣ бардошта шуда, дар Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Маркази тарғиби китоби ба номи Сиддиқхоҷаи Саҳҳофи Хуҷандӣ ба фаъолият оғоз намуд.

М. МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»