Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи барномаи рушди боғу токпарварӣ сокинони ноҳияи Рашт саъю талош доранд, то шуҳрати пешинаи боғдориро эҳё намоянд.
Дар робита ба ин, чанде пеш бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пайванд» ҳашари ниҳолшинонӣ ташкил шуда, дар он зиёда аз 800 фаъолу зиёӣ, пирони рӯзгордида ва устодону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок карданд.
Тавре муовини раиси ноҳия Ғайниддин Манонов иттилоъ дод, дар шафати хоҷагии ҶДММ «Пайванд», яъне даромадгоҳи ноҳия, 10 гектар боғи интенсивӣ бунёд мегардад. Дар ин замина 100 нафар бояд соҳиби ҷойи кор гарданд.
Ба гуфти ӯ, дар баробари бунёди боғҳои интенсивӣ эҳёи навъҳои себу ноки қадимии раштӣ низ дар назар аст. Масоҳати умумии боғот дар ноҳия ба 4645 гектар расидааст. Соли сипаришуда 73 гектар боғ бунёд шуда, имсол 15 гектари дигар дар талу теппаҳо бунёд мегардад.
Минтақаи Рашт солҳои қаблӣ аз ҳисоби боғу токпарварӣ овозадор буд ва ин иқдом ба рушди боғдорӣ таҳрик мебахшад, — гуфт дар хотимаи суҳбат Ғайниддин Манонов.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»