Бунёди 10 гектар боғи нав дар ВМКБ

№57 (4797) 06.05.2024

Дар дашти Манеми деҳоти «Сучон»-и ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави мевадиҳанда бунёд гардид.

Мавриди зикр аст, ки дашти Манем солҳои тӯлонӣ аз сабаби надоштани об аз гардиши кишоварзӣ берун монда буд. Соли равон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти «Барги сабз» барои бунёд намудани боғ 650 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, дар мавзеи мазкур ниҳоли дарахтони мевадиҳандаи себ, нок, зардолу, гелос ва ғайра шинонда шуданд.

Боғ тавассути панелҳои офтобӣ бо усули қатрагӣ обёрӣ гардидааст. Тибқи иттилои масъулин, баъзе ниҳолҳо аз Олмон дастрас гардидаанд, ки ба шароити кӯҳистон мутобиқ мебошанд.

Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот зимни суҳбат бо сокинони ноҳия таъкид дошт, ки имсол дар вилоят боғҳои нав бунёд мегарданд ва тамоми сокинони вилоятро зарур аст, ки баъди шинондан ҳар як ниҳоли боғро хубтару беҳтар нигоҳубин намуда, барои сарсабзии диёр саҳм гузоранд.

Ҳамин тариқ, дар боғи мазкур 4 ҳазор ниҳоли дарахти мевадиҳанда шинонда шуда, инчунин, корҳои сабзу хуррамгардонӣ дар шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои вилоят вусъати тоза пайдо кардааст.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»