Аз соли 2010 дар ноҳияи Ёвон аз ҳисоби ҳама сарчашмаи маблағгузорӣ 28 муассисаи таълимӣ ва 192 синфхонаи иловагӣ бо фарогирии зиёда аз 6 ҳазор ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз бунёди 3 муассисаи таълимӣ ва кӯдакистон дар нақша буд, ки якеаш — муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80 бо харҷи 24 миллион сомонӣ барои ба таҳсил фаро гирифтани 1280 нафар хонанда дар ду баст аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Баҳриддин Ҷӯрахонов сохта, ба истифода дода шуд. Дар иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Бино ба иттилои мудири шуъбаи маорифи ноҳия Исломиддин Нарсов, соли гузашта бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва Ассотсиатсияи падару модарон сохтмони 60 синфхонаи иловагӣ ба нақша гирифта шуд, ки 45 ададаш мавриди истифода қарор гирифт.
Номбурда зикр кард, ки дар доираи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017 – 2021» боз сохтмони 12 муассисаи таълимӣ, бинои шуъбаи маориф, маркази рушди истеъдодҳо ва маркази таҳсилоти иловагӣ ба нақша гирифта шудааст.
Айни замон дар ноҳияи Ёвон 84 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 53 ҳазору 747 нафар хонанда фаъолият дорад.
Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»