Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо шарикони рушд дар ноҳияи Ванҷ бунёди 8 пули мошингузарро ба нақша гирифтааст.
Ин иқдом бо маблағгузории Маркази татбиқи лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мегардад. Айни ҳол кор дар ду пули мошингузари деҳоти «Техарв» оғоз шудааст.
Пулҳо, ки аз 25 то 34 метр дарозӣ доранд, бо сарфи аз 82000 то 1 миллион доллари амрикоӣ бунёд мегарданд. Сохтмони иншоотро намояндагии корпоратсияи Хитой оид ба сохтмони роҳҳо ва кӯпрукҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад.
Ба гуфти сармеъмори ноҳия Зоиршо Шамсиддинов, то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯпрукҳо бояд ба истифода дода шаванд.
Пайшанбӣ ШОҲЗОДА,
«Садои мардум»