Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Кӯшониён бинои 4-ошёна иборат аз мағозаи армуғон, ҳунарҳои мардумӣ ва сехи дӯхти либосҳои миллӣ бунёд ёфт.
Корҳои сохтмонӣ соли 2023 оғоз гардида, бо услуби баланди меъморӣ, сифати хуб ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир сохта шудааст.
Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Амиралӣ Сафаров бо харҷи як миллион сомонӣ бунёд шуда, дар он ҳафт нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён иттилоъ доданд, дар ошёнаи якуми бино мағозаи армуғон, ҳунарҳои мардумӣ ва сехи духти либосҳои миллӣ ҷойгир буда, дар се ошёнаи боқимонда ҳашт манзили истиқоматӣ сохта шудааст.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»