БУНЁДИ ДАҲ ХОНАИ БАЛАНДОШЁНА ДАР ХОРУҒ

№ 08.11.2024

ХОРУГ ХОНАДар доираи таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ боз 10 хонаи баландошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои савдою хизматрасонӣ бунёд карда мешаванд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ иттилоъ доданд, ин иқдом дар асоси супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки чанде пеш дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ВМКБ дастур дода буданд, роҳандозӣ мегардад.

Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ шинос гардида, баҳри сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳо ва иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Роҳбари давлат масъулинро муваззаф намуданд.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»