Мусоҳибаи хабарнигори рӯзнома бо раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам
- Меҳнаткашони шаҳри Турсунзода ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба омодагӣ мебинанд, — ба суҳбат оғоз намуд Акрамзода Парвиз ва афзуд: — Дар доираи нақшаи чорабиниҳои пешбинигардида дар шаҳр бояд 382 иншооти таъиноташон гуногун бунёд ва мавриди истифода қарор гиранд. Солҳои 2018 – 2020-ум 257 иншоот ба истифода дода шуд. Тибқи нақшаи тарҳрезишуда, дар маҷмӯъ, 29 шифохонаю бунгоҳи тиббӣ, 41 толору майдончаи варзишӣ, корҳои навсозӣ ва бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаҳои таълимӣ, 21 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 18 кошонаи ҳусну сартарошхона ва 242 иншооти дигар ба истифода дода мешаванд. Ҳамчунин, дар ҳама ҷамоати деҳот аз ҳисоби намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, фаъолони деҳот гурӯҳҳои кории босалоҳият таъсис ёфта, ҳар рӯз вобаста ба рушди амалҳои ободонию созандагӣ ташвиқу тарғиб мебаранд. Таъмиру сангфаршкунии роҳҳо, рангубори дару девори хонаҳои истиқоматӣ ва чароғонкунии кӯчаҳо дар деҳот аз ҷониби сокинон ва соҳибкорон бомаром ҷараён доранд.
Соли гузашта аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва соҳибкорони бонангу ори шаҳр 17 километр роҳ таъмири асосӣ ва 111,6 километр таъмири ҷорӣ гардид.
- Шаҳри Турсунзода, ҳамчун шаҳри саноатӣ, на танҳо дар миқёси ҷумҳурӣ, балки берун аз он шуҳрат дорад. Мегуфтед, ки соли сипаришуда вазъи саноат дар шаҳр чӣ гуна буд?
- Соли сипаригашта Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба маблағи 379,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуд. Ҳаҷми умумии истеҳсолот дар корхонаҳои саноатии шаҳр 870,5 миллион сомониро ташкил медиҳад. Бо назардошти буҳрони иқтисодии аз таъсири бемории коронавирус бавуқӯъомада нишондодҳо дар қиёс ба як соли пеш 63 700 сомонӣ зиёд мебошанд.
Бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат, соли 2020 аз ҷониби соҳибкорон коргоҳи истеҳсоли қуттиҳои пластикӣ, корхонаи истеҳсоли гӯшти мурғ, корхонаи истеҳсоли қуму шағал ва хишти сементӣ, сехи хурди истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва боз якчанд корхонаи хурди дигар ташкил ва мавриди истифода қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, 7-уми сентябри соли гузашта, зимни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи тавлиди маҳсулоти хӯрокворӣ – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сардор — 2008» ба истифода дода шуда, ҳоло дар он зиёда аз 100 нафар бо кор таъминанд. Имсол бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода додани 11 корхонаи саноатии истеҳсолии хурду миёна дар назар аст.
- Барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғанигардонии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ, соли гузашта чӣ тадбирҳо андешида шуданд?
- Натиҷаю дастовардҳои кишоварзони шаҳри Турсунзода нисбат ба солҳои қаблӣ назаррас мебошанд. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи онҳо соли гузашта дар ҳама шакли хоҷагидорӣ 764 миллион сомониро дар бар мегирад, ки дар қиёс ба соли 2019 беш аз 75 миллион сомонӣ зиёд аст. Барзгарон дар майдони 14433 гектар ғалладона, сабзавот — 2961, картошка — 827, пахта — 1187, зағир — 496, хӯроки чорво — 1126, полезӣ – 147 гектар кишт гузарониданд. Зироаткорон бо заҳмату талоши пайваста 56520 тонна ғалладона, картошка — 9125, сабзавот — 111197, маҳсулоти полезӣ — 6322, пахта — 2120, пилла — 6,8, зағир — 333, ангур — 32144, гӯшт -5932, шир – 25924, асал – 35,6, моҳӣ – 3,5 тонна ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ ҳосил гирифтанд.
Барои беосеб ва тӯлонӣ нигоҳ доштани меваҷоту сабзавот, дар шаҳр 32 сардхона бо ғунҷоиши 6062 тонна мавҷуд буда, ҳаҷми маҳсулоти дар онҳо захирашуда то 1-уми январи соли ҷорӣ 384 тоннаро ташкил дод. Ҳоло дар сардхонаҳо 142 тонна ангур, 240 тонна сабзӣ ва 2 тонна дигар анвои мевагӣ захира шудаанд.
Шумораи гармхонаҳо низ сол то сол меафзоянд. Феълан дар ҳама шакли хоҷагидорӣ 233 гармхона дар масоҳати 29 гектар фаъолият дошта, дар майдони 1,92 гектар лимӯ, 2,3 — сабзавот ва 1,70 гектар гулҳои гуногуни ороишӣ парвариш меёбанд. Соли қаблӣ ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба дигар шаҳру навоҳии мамлакат ва хориҷи кишвар 92897 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2019-ум 25025 тонна зиёд мебошад.
- Доир ба вазъи мактабу маориф чӣ назар доред?
- Дар шаҳр 140 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 126 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, фаъолият дорад. Соли хониши 2020-2021 шумораи умумии толибилмони ба таҳсил фарогирифта ба 66 386 нафар расид, ки ба онҳо 5337 омӯзгор, аз ҷумла 4459 нафар бонувон, таълим медиҳанд. Аз ин шумора 3456 нафар маълумоти олӣ, 1319 нафар маълумоти миёнаи касбӣ ва 562 нафар маълумоти олии нопурра доранд.
Мушкили асосӣ дар муассисаҳои таълимӣ нарасидани синфхонаҳо ва ҷойи нишаст мебошад, ки барои рафъи он саъю талош дорем. Соли гузашта дар заминаи чор мактаб 31 синфхонаи иловагӣ бунёд ва ба истифода дода шуд. Ҳоло сохтмони 63 синфхонаи иловагӣ дар назди ҳафт мактаб, ҳамчунин, бунёди мактаби нав барои 640 хонанда идома дорад.
Дар шаҳр, ҳамчунин, ду коллеҷи тиббӣ (давлатӣ ва хусуcӣ), як коллеҷи омӯзгорӣ, як коллеҷи металлургӣ ва литсейи касбии металлургӣ фаъолият дошта, 5821 нафар донишҷӯ дар онҳо таҳсил мекунанд.
- Ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чӣ гуна баҳо медиҳед?
- Бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 тадбирҳои зарурӣ андешида шуд. Аз ҷумла, соли гузашта тибқи роҳхати Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Турсунзода 280 нафар ҷавон дар маркази касбомӯзӣ аз рӯи 8 ихтисос: чакандӯзӣ, бофандагӣ, қаннодӣ, дӯзандагӣ, қуроқдӯзӣ, ҷӯробдӯзӣ ва дигар касбҳои вобаста ба ҳунарҳои миллӣ ҷалб гардиданд.
Сайёҳӣ тадриҷан рушд мекунад. Дар шаҳр 11 мавзеи сайёҳӣ: «Изи динозавр», «Дараи Ширкент», зиёратгоҳҳои «Баҳовуддини Нақшбандӣ», «Хоҷанақширон», «Офоқхоҷа», қаторкӯҳҳои «Қаратоғ», дараи «Қаратоғ», хоҷагии ҷангали оҳупарварӣ, Хона – музейи Мирзо Турсунзода, ангурбоғи хоҷагии «Ватан», ангурбоғи хоҷагии «Боғи Сомон» мавҷуд аст. Соли гузашта 9294 сайёҳ ба шаҳр ташриф овард, ки аз ин шумора 730 нафар ҷаҳонгардони хориҷӣ ва 8564 нафар сайёҳи дохилӣ мебошанд. Сайёҳонро масъулони хоҷагии ҷангали шаҳр ва ширкати туристии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Симот» — 2018» роҳбаладӣ мекунанд.
Ёқуби СОДИҚ,
«Садои мардум»