Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб якҷо бо соҳибкорони маҳаллӣ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор қарор дода, ба муносибати 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ иншооти навро ба истифода супориданд.
Аз ҷумла, майдончаи хурди варзишӣ барои бозии футбол аз тарафи соҳибкор Ҳофизи Бобоназар дар деҳаи Маҳмадалӣ Ғаффори деҳоти «Зиракӣ» сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гириф, ки бо шароити муосир муҳайё гаштааст. Он бо маблағи 335 ҳазор сомонӣ бунёд ёфт.
Ҳофизи Бобоназар ҳангоми суҳбат гуфт: «Мо соҳибкорон тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат тасмим гирифтем, ки майдончаи варзишии хурди футбол бунёд намоем, то ин ки варзиш миёни ҷавонону наврасон рушд кунад. Дар деҳаи Маҳамадалӣ Ғаффор чунин майдончаи замонавӣ вуҷуд надошт.
Соҳибкори маҳаллӣ ҳамчунин ният дорад, ки солҳои оянда дар назди майдончаи варзишӣ толори варзишии болопӯшида барои машқу тамрини ҷавонон низ бунёд намояд.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»