Бунёди ниҳолхона дар ноҳияи Айнӣ

№ 23.04.2025

Бо мақсади васеъ намудани майдони ҷангалзор ва барқарорсозии қитъаҳои хушкгардидаи ҷангал дар хоҷагии ҷангали ноҳияи Айнӣ дар масоҳати 0,80 га ниҳолхона бунёд гардида, дар он парвариши тухмӣ ва қаламчаи намудҳои гуногуни дарахтони мевадиҳанда ва ороишию сояафкан, аз ҷумла шафтолу, зардолу, чормағз, олуча, туғдона, бодом, дуб ва сафедор ба роҳ монда шуд.

Роҳбарияти хоҷагӣ вобаста ба сердаромад будани меваи хуч ният дорад, ки майдони парвариши онро васеъ намояд. Вобаста ба ин, дар як қитъаи ниҳолхона парвариши қаламчаҳои навъи беҳтарини хуч роҳандозӣ гардидааст.

Ҷ. САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»