Бунёди зеристгоҳи нави барқӣ дар Бохтар

№23 (4443) 19.02.2022

Соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтар зеристгоҳи нави барқӣ бунёд мешавад.

Бино ба иттилои роҳбари техникии филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Бохтар Раҷабалӣ Бояков, аллакай қитъаи замин дар масоҳати 0,70 гектар ҷудо гардида, рӯзҳои наздик сохтмон оғоз меёбад.

- Зеристгоҳ бо харҷи 30 миллион сомонӣ бунёд гардида, дар он ду трансформатори пуриқтидори 25 ҳазор мегаватт — ампер насб мешавад.

Умед аст баъди бунёди зеристгоҳи нави барқӣ, сарбории неруи барқ дар шаҳри Бохтар бартараф хоҳад шуд, — афзуд Раҷабалӣ Бояков.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»