Ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бунёдкорӣ дар авҷ аст

№37 (3987) 04.04.2019

Дар доираи омодагӣ ба таҷлили ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон се соли оянда бунёди 137 иншооти хурду бузург ба нақша гирифта шудааст.

Бино ба иттилои мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия Фазлиддин Саидов, соли 2018-ум 15 иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифт. Имсол дар нақша аст, ки 61 иншооти дигар ба истифода дода шавад. Дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ 4 иншоот — коргоҳи истеҳсоли айнакҳои тиббӣ, бинои нозироти минтақавӣ дар деҳоти ба номи Кабуд Сайфуддинов, маркази хизматрасонӣ ва дидбонгоҳ дар даромадгоҳи ноҳия ба истифода дода шуданд.

Тибқи нақша, ба хотири боз ҳам беҳтар кардани шароити илмомӯзии хонандагон, бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми мамлакат бунёди муассисаи таълимӣ барои ба таҳсил фаро гирифтани 1 ҳазору 200 хонанда дар ду баст дар назар аст. Барои сохтмони муассисаи таълимӣ 16 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Инчунин, бо дастгирии молиявии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо харҷи 11 миллион сомонӣ сохтмони литсеи касбӣ — техникӣ оғоз хоҳад шуд.

Илова ба ин, соли ҷорӣ бо маб­лағгузории ширкатҳои хориҷӣ дар маҳаллаи Коммунизми деҳоти «Намуна» хатти оби нӯшокӣ ба истифода дода мешавад, ки тавассути он беш аз 200 хоҷагӣ бо оби ошомиданӣ таъмин мегардад. Лоиҳа бо харҷи 9 миллион сомонӣ амалӣ хоҳад шуд.

- Дар баробари ташкилоту идораҳо, соҳибкорон, инчунин, бо саҳми раиси ноҳия Сайфуддинзода Маҳмадюнус Кабуд қасри фарҳанги деҳоти Кабуд Сайфуддинов бо маб­лағи 10 миллион сомонӣ таъмири асосӣ карда мешавад, — гуфт Фазлиддин Саидов.

С. Султонов, «Садои мардум»

****

 Мутобиқи нақша дар ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ бунёду таъмири 155 иншоот дар назар аст. Соли 2018 қисме аз он — сехи консерварбарорӣ, ки 20 сокини маҳаллиро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намуд, меҳмонхонаю тарабхона, биноҳои маъмурӣ, ҳаммом, бинои 4 — ошёнаи мағоза, нуқтаҳои хизматрасонӣ ва бунгоҳи тиббӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Соли ҷорӣ боз 23 иншооти дигар, ба монанди бинои кумитаи идораи замин ва корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул (бо харҷи 3 миллиону 700 ҳазор сомонӣ), муассисаи таълимии дуошёнаи №25 дар деҳоти «Дӯстӣ» барои 240 хонанда дар як баст (бо сарфи 2 миллион сомонӣ), бунгоҳи тиббӣ, сартарошхона, дорухона, 50 синфхонаи иловагӣ ва ғайра ба истифода дода хоҳад шуд.

Мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия Фатҳулло Зеров иттилоъ дод, ки алҳол сохтмони бинои 5 — ошёна барои хизматчиёни давлатӣ оғоз гардидааст ва тибқи нақша соли 2020 ба истифода дода мешавад. — Ҳамчунин, — илова кард ӯ, — варзишгоҳи маркази ноҳия бо сарфи 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ таъмиру азнавсозӣ мегардад.

Сулаймон Султонов, «Садои мардум»

****

То фарорасии ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод тибқи нақша 250 иншооти таъиноти гуногун сохта хоҳад шуд. Аз ин шумора 29-тои он соли 2018 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, соли равон ба истифода супоридани боз 61 иншоот дар назар аст.

- Имсол корхонаи хурди қаннодӣ, сехи дӯзандагӣ, меҳмонхона, ҳаммом, дӯкони заргарӣ ва мағозаи молҳои ниёзи мардум дар шаҳраки Муъминобод, мактаб барои 200 хонанда дар деҳоти ба номи Н. Назаров ва толори варзишӣ дар деҳоти Ш. Шоҳин мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт, — изҳор намуд Ҷаббор Одинаев — мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия. — Ҳамчунин, сохтмони корхонаи коркарди сангу шағал ва майдончаи варзишӣ дар деҳоти «Деҳибаланд», коргоҳи дӯзандагӣ, китобхона ва корхонаи коркарди хишти сементӣ дар деҳоти «Боғгаӣ» дар назар аст.

Дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ 11 иншоот, аз ҷумла, маркази саломатӣ, дорухона, сартарошхона, мағозаи хусусӣ, толори саққобозӣ, коргоҳи дӯзандагӣ, нуқтаи таъмири автомобилҳо, осиёби барқӣ, коргоҳи арракунии ғӯллачӯб, коргоҳи шустушӯйи автомобилҳо, майдончаи варзишии замонавӣ ва ҳаммом ба истифода дода шуд.

Фаромӯз Бобоев, рӯзноманигор

****

Дар ноҳияи Лахш аз 136 иншооти дар доираи нақшаи омодагӣ ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёдшаванда соли гузашта сохтмони 40 адади он ба анҷом расонда шуд.

Бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни бузурги миллӣ мақомоти иҷрои­яи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар байни аҳолӣ корҳои тарғиботиро тақвият бахшид. Айни ҳол бунёди иншооти  таъиноти гуногуни соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, иҷтимоӣ, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, ободу зебо гардондани маҳали зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо, корҳои таъмиру ободонӣ дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» вусъат гирифтааст.

Раиси ноҳия Баротзода Файзулло иттилоъ дод, ки соли равон сохтмон ва таъмиру барқарорсозии 26 иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст. Соли гузашта бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди шабакаи равшаннамоии маркази ноҳия ба маблағи 941,9 ҳазор сомонӣ ба анҷом расид. Аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки барои таъмиру барқарорсозии пули мошингузари деҳоти «Сартало» аз болои дарёи Сурхоб ҷудо шудааст, ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро гардиданд.

Ҳамчунин, имсол нақшаи генералии шаҳраки «Ваҳдат» — и ноҳия аз тарафи ҶСК «Нурофар» таҳия ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»