Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Равгадаи деҳоти «Рованд»-и ноҳияи Ванҷ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 мавриди истифода қарор гирифт. Зимни ифтитоҳи он муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода, муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Анвар Иматшозода ва раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббори Қосим иштирок карданд.
- Муассисаи нав дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бо харҷи 500 ҳазор сомонӣ сохта шуда, бо таҷҳизоти хониш таъмин мебошад, — иброз намуд раиси ноҳия ва афзуд: — Якҷо бо шарикон оид ба «Лоиҳаи ҳамгирошудаи такмилдиҳии деҳа, беҳтар намудани сифати зиндагии ҷомеаҳои наздисарҳадии Афғонистон ва Тоҷикистон» кори зиёд ба нақша гирифта шуда, чанде пеш ба деҳа хати оби ошомиданӣ кашида шуд.
Муовини раиси ВМКБ Анвар Иматшозода ҳамкории судмандро натиҷаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуда, аз ҷумла, гуфт:
- Тайи ду соли охир дар ноҳияи Ванҷ бунёдкорӣ суръати тоза касб карда, ба зиёда аз 7 деҳа хати оби нӯшокӣ кашида, муассисаҳои нав, марказҳои хизматрасонӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ бунёд гардиданд.
Пайшамбӣ ШОҲЗОДА,
«Садои мардум»