Бунёдкориҳо дар Бадахшон

№150 (4570) 05.12.2022

316161484Дар асоси дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои Ванҷу Рӯшон ва Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки раиси вилоят Алишер Мирзонабот ва сокинони ноҳияҳо як қатор иншооти нави мавриди ниёзи мардум ба истифода дода шуданд.

Чунончи, дар деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон бо ибтикори соҳибкори ватанӣ Ромиш Худоиев маркази хизматрасонӣ барои сокинони деҳа ба кор оғоз намуд. Дар ошёнаи аввал маркази савдо, ошёнаи дуюм сехи дӯзандагӣ, кошонаи ҳусн, сартарошхона ва дар ошёнаи сеюм меҳмонхонаи барҳаво ҷой дорад.

Феълан 20 нафар сокинони маҳаллӣ дар ин марказ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардида, бар замми ин соҳибкор Р. Худоиев ният дорад, то дар ояндаи наздик дар таҳхонаи бино сехи қаннодиро ба истифода диҳад.

Дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон бунгоҳи нави тиббӣ, иборат аз чор утоқи корӣ, ки ҳашт нафарро ба кор фаро гирифтааст, ба истифода дода шуда, ҳоло дар хизмати 2 577 нафар сокинон қарор дорад.

315896005Чунин бунгоҳи тиббии замонавӣ дар деҳаи Гармчашмаи деҳоти ба номи Аскар Замирови ноҳияи Ишкошим низ ба ифтихори сиюмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Иншооти нав бо харҷи 754 ҳазору 769 сомонӣ аз ҷониби Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид сохта шудааст. То ин вақт чунин муассисаҳои тандурустӣ чандон зиёд набуда, яке аз мушкилоти сокинони баъзе деҳаҳои навоҳии вилоят ба шумор мерафт.

Дар ноҳияи Ванҷ бо иштироки раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот, муассисаи замонавии таҳсилоти ибтидоии деҳаи Даштаки деҳоти «Язгулом» ифтитоҳ ёфт.

М. ИМОМНАЗАР,

 «Садои мардум»