Ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бунёду навсозии 294 иншоот дар Кӯлоб

№22 (3972) 26.02.2019

Омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб идома дорад. Алҳол таъмиру бунёди 294 иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи иттилои бахши матбуоти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, ба роҳбарони гурӯҳҳои корӣ дастур дода шудааст, ки нақшаҳои ангоравии иншоотро таҳия ва пешниҳод созанд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа — роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ Абдуҷаббор Раҳмонзода, пас аз шиносоӣ бо вазъ, барои муташаккилона роҳандозӣ намудани корҳо, бунёду таъмири 108 иншоот дар соли 2018, ба раиси шаҳри Кӯлоб ва гурӯҳҳои кории шаҳру деҳот миннатдорӣ баён намуд.

Фаромӯз БОБОЕВ,

Рӯзноманигор