Бунёду навсозии бино ва корхона дар Хоруғ

№115 (4535) 14.09.2022

Ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёду нав­созии як қатор иншооти муҳим оғоз шуда, баъзе аз онҳо мавриди истифода қарор гирифтанд. Аз ҷумла, чанде пеш дар маркази вилоят «Ҳостел» — и муосири чорошёна, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Маҳбатшо Бахтибеков сохта шудааст ва корхонаи муосири истеҳсоли қуму шағал, ки саҳмгузори он ҶДММ «Фарид — Хоруғ» мебошад, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи онҳо раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода ва муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Бахтиёр Шарифӣ иштирок намуданд.

Ризо Назарзода ва Бахтиёр Шарифӣ, инчунин, ба сохтмони маркази хизматрасонии панҷошёнаи «Хоруғ — плаза», биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва маркази тиҷоратию фароғатии панҷошёна дар маҳаллаи Дашти поёни шаҳри Хоруғ оғоз бахшиданд.

Дар арафаи таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода ва раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот низ аз ҷараёни барқарорсозии пули пиёдагарди бозори марказии шаҳр боздид намуданд. Барои ҳар чӣ зудтару босифат барқарор намудани он ба масъулин супориш дода шуд.

М. ИМОМНАЗАР,

 «Садои мардум»