Модар волотарин офариниши ҳама олам, сарманшаи ҳастӣ, мададгор, ҳамрозу ҳамдами ҷигарбанд ва маҳбубтарин барои ҳар инсон буда, ҷойгоҳи ӯро дар тамоми ҳаёт касе ва ё чизе иваз карда наметавонад. Ӯ ягона офаридаест, ки на танҳо баҳри фарзандаш, балки тамоми башар зиндагӣ карда, барои татбиқи ин рисолати муқаддасаш ранҷ мекашад.
Бале, сабуриву қаҳрамонии модар аст, ки дар як гӯшаи олам ҳазорон нафарро ба дунё меораду дар сарзамини дигаре ҳазорҳо фарзандро аз даст медиҳад. Ӯ кайҳо дарк намудааст, ки зиндагӣ бе пастию кулфату мубориза нест ва танҳо фариштаи заминӣ қодир аст, то бузургони ҳар давру олам, фарзонафарзандони миллат, паҳлавонони ғаюр ва меҳандӯстони асили Ватанро ба дунё ораду ба камол расонад. Аз муҳаббати бекарону пойдори модар занҷирҳои баста кушода шуда, бо дуои некаш шахс ба мартабаи бузург мерасад. Китфони нозуки модар иқтидори онро ҳам доранд, ки сангинтарину азимтарин душвориҳои сарнавиштро таҳаммул кунанд. Модарон қодиранд аҳли хуфтаро аз нокомӣ, мухолифат, ҷаҳолат, бегонапарастию хурофоту торикӣ бароварда, дар ҳаёти насли солим саҳифаи тозаеро боз намоянд.
Хушбахтона, Тоҷикистони азизи мо таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кишварҳои муваффақи олам аст, ки дар он модарону бонувон мақому мартабаи олӣ доранд. Зани тоҷик имрӯз қаҳрамон-модар, роҳбари мушфиқ, олими ҷаҳондон, сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ, шоири шаҳир, низомии содиқ, варзишгари моҳир, омӯзгору тарбиятгари шоиста, табиби пуркор, ронандаи соҳибтаҷриба, соҳибкори муваффақ ва дигар пешаву ҷойгоҳи ифтихориро соҳиб мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш таъкид кардаанд: «Аҷдоди пуршарафи тоҷикон — мардони ориёӣ ҳанӯз се ҳазор сол пеш барои ба ҷо овардани эҳтироми занону модарони худ ҷашни хосае доштаанд ва чунон ки аз гуфтаҳои донишманди бузург Абурайҳони Берунӣ бармеояд, иди занон дар сарзамини аҷдоди мо дар моҳи сеюми зимистон, ки онро исфанд мегуфтанд ва ин моҳ имрӯз низ дар тақвими баъзе халқҳои ориёӣ вуҷуд дошта, ба охири моҳи феврал ва аввали март мутобиқат дорад, ҷашн гирифта мешуд».
Бо ибораи дигар, тақрибан мутобиқ ба ҳамин рӯзҳое, ки алҳол мо ҷашн мегирем, Абурайҳони Берунӣ менависад: «Исфандормаз фариштаи ваколатдор бар замин аст ва низ ба занҳои дурусткору хайрхоҳ ваколатдор аст. Ва дар замони гузашта ин моҳ ба василаи ин рӯз иди занон будааст. Ва ин расм ҳанӯз дар Исфаҳону Рай ва дигар кишварҳои Паҳла боқӣ мондааст. Ва онро ба форсӣ «муждагирон» мегӯянд».
Маълум мешавад, ки ин таомул аз замонҳои хеле қадим тақрибан то асри XII боқӣ будааст. Ҳатто дар Рими қадим, ки дар он ҷо ҷашни занон вуҷуд доштааст, баъзе олимон тахмин кардаанд, ки ин расм ба он кишвар аз ватани ориёиҳо рафтааст.
ҳоло соҳае нест, ки дар он бонувон муваффақ набошанд ва ҳини мулоқот аксари бонувон иқрор мекунанд, ки ба туфайли соҳибистиқлолӣ ва дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шуғли дӯстдоштаашон машғуланд.
Муҳимтар аз ҳама, албатта, ин таҳкими маърифату ҷаҳонбинии бонувон аст, ба қавли бузургон бемаърифатии мард бар зарари ӯст, вале зан агар чунин бошад, ҳар узви ҷомеа зарар мебинад. Аз ин рӯ, сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати мамлакат низ ба он равона шудааст, ки ҷавондухтаронамон бояд соҳибмаърифату хештаншинос бошанд, то ҷомеаи мо ҳамеша солиму пешрафта бимонад. Бахусус, ҷаҳони имрӯзи зудтағйирёбанда ба бонувони хирадманд, донандаи илмҳои муосир, фарҳангпарвару равшангари масири солим ва васлгари наслҳо ниёзи бештар дорад. Дар ҳама давру замон модарону бонувон пули иттиҳоду ҳамдилӣ, раҳму шафқат ва муҳаббату ғамхорӣ буданд, башариятро ба созишу сулҳофарӣ раҳнамун месохтанд ва ин рисолатро имрӯз ҳам набояд аз даст диҳанд.
Табиист, ки зан ё мард дар танҳоӣ мавҷудоти ноқисанд ва дар идомаю пешравии ҳаёт ҳар ду ба ҳам ниёз доранд. Танҳо ҳаммаромию иттиҳод, бофаросатию маърифатпарварӣ ва меҳру муҳаббати бепоёни онҳо ба якдигар метавонад оила, ҷомеа ва давлатро устувору побарҷо нигоҳ дорад. Биноан, фарзандонро мебояд, ки хоса дар айёми ниёзмандию солмандӣ модаронро бе касу танҳо нагузоранд, асои дасти эшон бошанд ва ба ҳеҷ ваҷҳ аз хотир набароранд: «Биҳишт зери қудуми модарон аст». Ҳарчанд наметавон ҳатто заҳмати якшабаи кашидаи модарро ҷуброн кард. Модарон бузургтар аз онанд, ки дар бораи онҳо эҷод кардаанду гуфтанду суруданду меофаранд.
Машҳур ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»