Садамаи Неругоҳи барқӣ-атомии Чернобил, ки 26 апрели соли 1986 рух дод, бузургтарин фоҷиаи садаи ХХ аст. Тавоноии таркиши он 300 маротиба пурқувваттар аз таркиши бомбаҳои атомии дар шаҳрҳои Хиросима ва Нагасакии Ҷопон мебошад, ки 6-ум ва 9-уми августи соли 1945 аз ҷониби Қувваҳои ҳарбӣ — ҳавоии ИМА партофта шуд.
Ин неругоҳ дар соҳили дарёи Припят, 18 километр дур аз шаҳри Чернобили Ҷумҳурии Украина қарор дошт.
Шаби 26 апрели соли 1986 соати 1:23 дақиқаи вақти Москва дар энергоблоки 4-уми неругоҳ таркиши мудҳиш ба амал омада, реактори атомии энергоблок пурра аз кор баромад. Таркиши энергоблок плитаҳои 1000 тоннаро рахна намуда, абри радиоактивӣ ба баландии 11 ҳазор метр баромад ва бо шамол ду маротиба кураи заминро давр зад. Сӯхтори аз таркиш рухдода то соати 5-и субҳ пурра хомӯш карда шуда, 27 апрел 104 осебдидаро ба беморхонаи шаҳри Москва интиқол доданд. Дар рӯзи аввали ҳодиса 134 аъзои дастаи наҷотбахшиву сӯхторхомӯшкунӣ ва нафарони зиёди атрофи неругоҳ осеб дида, дар муддати 2-3 моҳи минбаъда 28 нафари онҳо фавтиданд.
Субҳи 27 апрели соли 1986 дар асоси қарори Шӯрои Вазирони ИҶШС барои муайян кардани сабабҳои рух додани садамаи неругоҳ ва бартарафсозии оқибатҳои он комиссияи фаврӣ таъсис дода шуд. Барои бартарафсозии оқибатҳои фоҷиаи НБА Чернобил аз давлати Ҷопон робот ва булдозерҳои тавассути мавҷ идорашаванда ва аз Ҷумҳурии Федеративии Германия се манипулятор барои ҷамъоварии сӯзишворӣ ва графит харидорӣ шуд. Мутаассифона, техникаю таҷҳизот ба шуои радиатсионӣ тоб наоварда, корношоям гардиданд. Қарор дода шуд, ки реактори тафсони ба ранги зарди баланд табдилёфтаро, ки шуои он (афканиш) 1800-2000 қувваи рентгениро дар як соат нишон медод, маҳкам намоянд.
Ба макони заҳролудгардида зиёда аз 200 ҳазор мутахассисони ғайриҳарбӣ ва бештар аз як миллион хизматчиёни ҳарбӣ сафарбар шуданд. Бо қаҳрамонии онҳо аз моҳи апрели соли 1986 то моҳи декабри соли 1990 оқибати садама бартараф шуд.
Ба мавзеи офатзада 6000 ҳамватанони мо низ сафарбар шуданд. Онҳое, ки ба минтақаи садамаи Чернобил фиристода мешуданд, корҳои бартарафсозиро анҷом медоданд. Хоки заминро канда, ба ҷояш хоки нави безарар меоварданд, дару девор, боми хонаҳо, муассисаҳои таълимиву тиббиро бо моддаҳои махсус дезинфексия мекарданд.
Баъди таркиш сокинони шаҳр ва гирду атрофи онро фаврӣ ба дигар шаҳрҳои Украина, Беларус ва вилоятҳои ғарбии ба Украина ҳаммарзи Федератсияи Россия кӯчониданд. Дар шаҳр танҳо пиронсолоне мезистанд, ки иваз кардани ҷои зисташонро зарур намешумурданд. Ба онҳо либосҳои махсуси зидди заҳрҳои радиатсионӣ дода шуд, то нури моддаҳо ба организми онҳо ворид нашавад.
Садама ҷони садҳо касро рабуда, ҳазорҳо нафари дигарро маъюб сохт. Онҳое, ки дар ин фоҷиаи аср маъюб гаштанд, фарзандони носолим ба дунё оварданд. 26 апрели ҳар сол дар ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун «Рӯзи ёдбуд» таҷлил мешавад.
Соли 1991 дар кишвар Ташкилоти чернобилчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, баъдан бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 майи соли 1997 Ҷамъияти «Чернобилчиёни Тоҷикистон» ташкил шуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари садамаи НБА Чернобил зарар дидаанд», таҳти №242 аз 5 марти соли 2007 қабул гардид.
15 ноябри соли 2007 Ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи Чернобил» ба ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи маъюбони Чернобил»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд. Ҳоло раиси Шӯрои чернобилчиёни ҷумҳуриро Фаридун Ҳакимов ва раиси Ташкилоти ҷамъияти «Иттифоқи маъюбони Чернобил»-и ҷумҳуриро Туйчӣ Атабоев ба уҳда доранд. Ба ҷамъият 1868 иштирокчии бартарафсозии оқибатҳои садамаи неругоҳ, аз ҷумла, 1470 маъюби гурӯҳҳои 1,2,3 ва 3500 кӯдак шомиланд. Ҷамъият аз се ташкилоти вилоятӣ , 17 шаҳрӣ ва 47 ташкилоти ноҳиявӣ таркиб ёфтааст.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»