Комплекси агросаноатӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб рафта, рушди он барои расидан ба ду ҳадафи стратегии пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат менамояд. Дар шароити камзаминии мамлакат яке аз роҳҳои асосии таъмини амнияти озуқаворӣ баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳост. Ба гуфти президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Нуралӣ Асозода, ҳосилхезии замин ба миқдори гумус вобаста аст.
Мувофиқи маълумоти Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ, ҳоло миқдори гумус дар хокҳои хокистарранги водии Вахш 0,8-0,9 дарсад ва дар хокҳои ҷигариранги карбонатӣ 1,5 — 1,7 фоизро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба солҳои 60-уми асри гузашта мутаносибан 0,2-0,3 ва 1-1,3 дарсад коҳиш ёфтааст.
- Ҳоло дар мамлакат ҳосилнокии миёнаи пахта аз ҳар гектар 22 сентнерӣ, ғалладона — 30,9, ҷуворимаккаи дон — 56,9, шолӣ — 50,5, лӯбиёгӣ -17,3, картошка -191 ва сабзавот 264,6 сентнерро ташкил медиҳанд.
Иқтидори истеҳсолии навъҳои ватании пахта 50-60 сентнер, ғалла — 65-70, ҷуворимакка — 80-90, шолӣ — 75-80 ва картошка 250-300 сентнер мебошад. Риоя намудани агротехникаи парвариш, ворид намудани нуриҳои органикию маъданӣ ва истифодаи тухмиҳои хушсифат имкон медиҳад, ки ҳосилнокии зироатҳоро дучанд баланд бардорем. Аммо аз сабаби он ки агротехникаи парвариши зироатҳо пурра риоя намешавад, ҳосилнокӣ коҳиш меёбад,- мегӯяд Нуралӣ Асозода.
Яке аз сабабҳои риоя накардани агротехникаи парвариши зироат он аст, ки хоҷагидорон дониши соҳавӣ надоранд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, ҳоло дар мамлакат 176975 хоҷагии калон, миёна ва хурд ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғуланд. Мутаассифона, аксар роҳбарони онҳо маълумоти аграрӣ надошта, интихобу меъёри тухмӣ, тарзи обёрӣ, ҳифзи хок аз бодхӯрдашавию шусташавиро ба таври бояду шояд сарфаҳм намераванд. Дар натиҷа, сол то сол қабати ҳосилхези хок кам шуда истодааст. Ҳол он ки барои ҳосил шудани як сантиметр қабати гумус бештар аз сад сол зарур аст.
Олими машҳури рус В. В. Докучаев гуфта буд: «Сиёҳхоки Россия аз ангиштсанг, нефт ва тилло гаронбаҳотар аст». Дарвоқеъ, инсон бе тилло зиндагӣ карда метавонад, вале бе хок не. Хок асоси биосфера буда, тавассути рустаниҳо ва ҳайвонот мавҷудияти системаи экологиро таъмин мекунад.
Бисёр вақт ҳангоми сафар ба ноҳияҳои пахтакор шоҳид будам, ки бархе аз хоҷагидорон пахтаро мисли майдони шолӣ обёрӣ кардаанд. Ин на танҳо боис ба пастшавии ҳосили пахта, балки шусташавии қабати ҳосилхези хок мегардад. Дар натиҷаи истифодаи аз меъёр зиёди гербитсид (несткунандаи алафҳои бегона), заҳрхимикат, нуриҳои минералӣ, ба замин партофтани партовҳои сохтмонию саноатӣ хок заҳролуд шуда, қобилияти ҳосилхезии табииашро аз даст медиҳад.
Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣҳар як хоҷагӣ фермаи чорвопарварӣ дошт. Аз охирҳои тирамоҳ колхозу совхозҳо поруи чорвои дар фермаҳо ҷамъшударо пеш аз шудгор ба замин мерехтанд. Ба ҳар майдони пахта, аз коркарди якуми байни қаторҳо сар карда, поруи бехташуда ва вақти гулкунии ниҳолҳо поруи обшуда («шарбат») медоданд, то раванди фотосинтез вусъат ёбад. Ҳамин буд, ки хоҷагиҳои пахтакор аз ҳар гектар 35-45- сентнерӣҳосил мегирифтанд. Ҳоло бо рӯёнидани 22-25-сентнерӣ аз ҳар гектар нақшаи пахтасупориро «иҷро» мекунанд. Мутаассифона, ҳоло аксарият поруи чорворо ба сифати сӯзишворӣ истифода мебаранд.
- Дар даҳ моҳи соли 2020 дар ҳама шакли хоҷагидории ҷумҳурӣ саршумори чорвои калон ба 2 миллиону 368,8 ҳазор сар, гӯсфанду буз — 5 миллиону 845 ҳазор, асп — 82,7 ҳазор, қӯтос — 28,9 ҳазор ва паранда 9 миллиону 891,8 ҳазор сар расид. Бо пешниҳоди имтиёзҳои андозиву гумрукӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи корхонаҳои парандапарварӣ дар мамлакат афзоиш ёфта, ба 170 ва теъдоди хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба 352 адад расонида шуд, — мегӯяд муовини якуми вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Саъдӣ Каримзода.
Агар ҳоло мисли давраи шӯравӣҳамкории чорводорону зироаткоронро дуруст ба роҳ монем, ҳосилхезии заминҳоро нигоҳ дошта метавонем. Зеро баъди ғундоштани ҳар зироат як қисми элементҳои зарурие, ки дар хок мавҷуданд, ҳамроҳи ҳосил бебозгашт мераванд. Роҳи беҳтарини пуррагардонии макро ва микроэлементҳои барои нашъунамои зироатҳо зарурӣ ба замин рехтани нуриҳои органикист. Истифодаи поруи пӯсида, хокистар ва компости баргу пояи рустаниҳо заминро аз моддаҳои ғизоӣ бой ва хокро ковоку намнигоҳдориашро беҳтар мегардонад. Деҳқонони асил мегуфтанд, ки «заминро сер кун, то туро сер кунад».
Хуб мешуд, ки чорводорону парандапарварон ба зироаткорону боғу токпарварон поруи чорвою паранда пешниҳод карда, ба ивазаш дон, ҳезум, хошок ва дигар намуди ғизои чорво гиранд. Он вақт ҳам чорводорӣ рушд мекунаду ҳам зироаткорӣ ва боғу токпарварӣ. Муҳимтар аз ҳама, гавҳари аз тилло ҳам қимат, яъне хоки ҳосилхез ҳифз мегардад.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»