«Вақте ки ҳамчун раиси вилоят интихоб шудам, гурезаҳо аз водии Вахш ба Данғара омада буданд. Рӯзе барф борида, анбор вайрон шуд. Бо ёрии гурезаҳо анборро барқарор кардем ва чанд вақт онҳоро бо хӯрду хӯрок таъмин намудем. Баробари оромтар шудани вазъ ба зодгоҳашон рафтанд ва мо ба ҳар кадомашон аз анбор як халтагӣ гандум додем, то ки муддате ҳам бошад, гурусна намонанд».
Аз суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара (18-уми июни соли 2022)
САРГАҲ
Соли 1992. Вазъ дар ҷумҳурӣ, махсусан дар минтақаи Қӯрғонтеппа, ниҳоят ташвишовар буд. Дар фикру зикри мардуми азияткашидаи ноҳияҳои Вахш, Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар), Бохтар (ҳоло Кӯшониён) ва дигар ноҳияҳои ин минтақа ягона роҳи наҷот тарки хонаву дар ва ба макони оромтар бурдани аҳли оилаашон ба ҳисоб мерафт. Сокинони дар тарсу ваҳм қарордошта, ки мувофиқи маълумоти дастрас даҳҳо ҳазор нафар буданд, ба воситаи тракторҳо ба ноҳияи Данғара гуреза шуданд. Хушбахтона, соли 1992 ҳосили ғалла дар ноҳия хеле зиёд ҷамъоварӣ шуда, мардум худ ва ҳамватанони меҳмоншударо нагузоштанд, ки гурусна монанд. Сокинони ноҳия барои гурезаҳо макони махсус ташкил карда, онҳоро дар хонаҳояшон ҷой карданд.
Бо шаш нафар аз сокини ноҳияи Данғара, ки дар он давраи вазнин онҳоро ба хонаҳояшон паноҳ доданд, суҳбат кардем.
«ГУРЕЗАҲО ПОРАИ ДИГАРИ МО БУДАНД»
Директори Муассисаи таълимӣ-давлатии «Мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар ноҳияи Данғара», истиқоматкунандаи деҳаи Корез Қурбоншоҳ Абдуллозода яке аз сокинони ноҳия аст, ки соли 1992 аз макони махсуси гурезаҳо 18 нафарро дар хонааш қабул кардааст. Синну соли гурезаҳои ба хонаи ӯ омада гуногун ва асосан сокинони ноҳияи Тоҷикобод буданд, ки ба водии Вахш кӯч бастанд.
- Вақте ки фаҳмидам ҳамватанонамон ба ноҳия гуреза шуда омадаанд, фикри ба хонаам ҷой додани онҳоро кардам. Мо он замон ва дар он ҳолат ба роҳ надодани онҳо ҳақ надоштем, ҳатто фикри дигар ҳам ба сарамон намеомад. Он вақт ман директори мактаб будам. Шукр, зиндагӣ хуб мегузашт ва аз чизе танқисӣ намекашидем. 18 нафари онҳо дар хонаам тақрибан се моҳ иқомат карданд, — гуфт Қурбоншоҳ Абдуллозода.
Ба нақли ҳамсуҳбатамон, сокинони ноҳияи Данғара гурезаҳои водии Вахшро мисли хешу табор, дӯст ва ҳамсояи наздик қабул карда, бо онҳо муносибати хуб ба роҳ монда, бо аксарашон то ҳол иртибот доранд.
- Албатта, аз гуреза шудани онҳо танҳо бо сабаби нооромии минтақаашон ғамгин будем, дигар ҳеҷ. Онҳо пораи дигари мо буданд. Муносибати хуб доштем. Ҳамон замон, бо вуҷуди он ки андуҳгин буданд, вале худашонро дар хонаи мо ва дигарон бегона ҳис намекарданд, — илова кард ӯ.
Устоди Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Муродалӣ Ҳошимов низ аз ҷумлаи онҳоест, ки дар он лаҳзаҳои мушкил дари хонаашро ба рӯи мардуми азияткашида кушод. Ӯ мегӯяд, ки тирамоҳи соли 1992 дар баромадгоҳи маркази ноҳия макони қабули гурезаҳо муайян шуда буд ва намояндагони мақомоти шаҳру ноҳияи Кӯлобу Данғара сокинони гурезашударо аввал мепурсиданд, ки дар кадом минтақа хешу табор доранд, агар медоштанд, хонаи онҳо мефиристоданд ва агар намедоштанд, ба хонаҳои аҳолӣ тақсим мекарданд.
- Дар хонаи мо аз ду оила нуҳ нафар ҷой гирифтанд. Як оилааш аз ду нафар иборат буд, ки пас аз чанд рӯз марди хона омада, зану фарзандашро бурд ва 7 нафари дигар 20 рӯз истоданд. Мутаассифона, дар ин муддат бо онҳо дигар рӯ ба рӯ нашудем, — иброз дошт Муродалӣ Ҳошимов.
Корманди бахши молияи ноҳия Раҷабалӣ Идиев мегӯяд, ки бо сокинони водии Вахш, ки 30 сол пеш дар хонааш муддате зиндагӣ карданд, бисёр вохӯрдааст. Ӯ чунин нақл кард:
- Дар хонаи мо ҳам 8 нафар маскун шуданд. Бисёр одамони дилсоф, хоксор ва қадрдон буданд. Онҳо ҳамроҳамон 25 рӯз монданд. Душвориеро ҳис накардем, зеро ҳар чизе ки доштем, бо ҳам мехӯрдем. Ҳамчунин, худашон ҳам тӯша доштанд. Мехоҳам қайд кунам, ки дар забони ҳамватанонамон аз водии Вахш ҳамеша номи Худо буд. Дуову илтиҷо мекарданд, ки ҷанги бародаркуш ҳар чӣ зудтар тамом шаваду ба хонаҳояшон баргарданд.
Ойпарча Солеҳова сокини ноҳияи Данғара дар суҳбат бо мо он рӯзҳои сахту мушкилро ба ёд оварда, чунин қисса кард:
- Соли 1992 дар хобгоҳ зиндагӣ мекардем. Аз сабаби зиёд будани гурезаҳо ҳатто бархеро дар берун ҷой карда будем. Дар миёни гурезаҳо ҳам хешу ақрабо ва ҳам бегонагон буданд, вале мо бо ҳамаашон як хел муносибат мекардем. Илова бар ин, аз ҳукумати ноҳия барои нигоҳубини гурезаҳо озуқаворӣ медоданд. Ҳоло бархеашон дар маъракаҳои шодиву ғам хабаргирӣ меоянд ва мегӯянд, ки 30 соли пешро ҳеҷ вақт фаромӯш нахоҳем кард.
Абдуҷалол Саидов сокини дигари ноҳия, ки ҳоло дар Муассисаи ниҳолшинонӣ, кабудизоркунии назди Ҳукумати ноҳияи Данғара ба ҳайси ронанда фаъолият мекунад, нақл кард, ки дар он вақт 60 нафарро дар хонааш ҷой дод. Онҳо тақрибан як моҳ дар хонааш истоданд. Ӯ қиссаи ҷолиберо аз он замон ба мо нақл кард:
- Ронандаи «КамАЗ» будам ва ҳеҷ камбудӣ надоштам. Гурезаҳои хонаамон аксар занону кӯдакон буданд. Рӯзе аз кор омадам ва хабар доданд, ки яке аз меҳмонон дар хонаи мо таваллуд кардааст. Ҳам хурсанд шудам ва ҳам ғамгин. Хурсандиам аз он буд, ки саломатии модару тифл хуб, вале ғамгин будам, ки кӯдаке вақти гурезагӣ, нооромӣ ва дар шароити на он қадар хуб ба дунё омад.
Ба гуфти амаки Абдуҷалол, дар он айём орзуи ҳама як буд: Сулҳ. Он вақт дар миёни сокинони ноҳияи Данғара ва водии Вахш мафҳумҳои «ту — соҳибхона» ва «ту — гуреза» набуд, балки ҳама барои фардои нек, оромию осудагӣ талош мекарданд ва ҳамеша ба дастгирии ҳамдигар омода буданд.
Раиси маҳаллаҳои Кароматуллоҳ Қурбонов ва Марказии ноҳияи Данғара Фотима Ҳикматова он давраҳои мудҳишро ба ёд оварда, чӣ тавр дар хонааш се оиларо ҷой кардану худаш бо ҳамсару фарзандонаш дар даҳлез хоб карданашро нақл кард:
- Худо он рӯзҳоро дигар ба сари душмани кас наорад. Ҳатто ба ёд оварданашон даҳшатнок аст. Мо омода будем, ки то қадри тавоноӣ сокинони ба ноҳияомадаро дар хонаҳоямон ҷой кунем. Дар натиҷаи тақсимот се оила дар хонаи мо қарор гирифтанд. Ду хонаву як даҳлез доштем. Ҳамин тавр, ду оиларо дар як хона, оилаи сеюмро дар хонаи дигар ва худамон дар роҳрав ҷой гирифтем. Дар миёни онҳо хешони ҳамсарам низ буданд ва то ҳол рафтуомад дорем.
БА ҶОИ СЕ НУҚТА
Бо ба ёд овардани он рӯзҳои вазнин ва суҳбат кардан бо нафароне, ки мардуми азияткашидаву гурезашударо дар хонаҳояшон ҷой доданд, бори дигар тасдиқ кардан мумкин аст, ки халқи тоҷик раҳмдилу дилсофу меҳмоннавозу шарики рӯзҳои ғаму шодӣ аст.
Чун тавонистем он рӯзҳои мудҳишро бо ёрии ҳамдигар паси сар намоем, пас, бешак, метавон эътимод кард, ки дар ҳама ҳолат паҳлуи якдигарем.
Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ
Мафтунаи ҲИСОРӢ