Китоби «Вакилони халқ» 1938-2010 (ҳолномаи мухтасар), ки соли 2006 нашриёти «Деваштич» бо теъдоди 2000 нусха аз чоп баровардааст, раҳнамои хубест барои имрӯзу ояндагон. Ба воситаи ин китоб мо ба шахсиятҳои арзандаи диёр, вакилони халқ ошно мегардем.
Барои дар оянда боз ҳам беҳтар гардидани муҳтавои китоб чанд эрод ва пешниҳод дорам.
Дар саҳифаи119 дар бораи вакил Саидов Авзал маълумот дода, навиштаанд, ки «Дар вазифаҳои чоряккор, роҳбалад ва…кор кардааст». Ҳол он ки чоряккорӣ, батракӣ вазифа ё мансаб нест.
Дар саҳифаи 675 дар сабти ҳоли вакили халқ Назаров Нуралишоҳ навишта шудааст: «Соли 1946 дар деҳаи Навободи ноҳияи Кӯлоб таваллуд шудааст…». Ҳол он ки ин шахс дар деҳаи Ғофилободи ноҳияи Муъминобод дар оилаи боғдори шинохта Ғоибов Назар ба дунё омадааст.
Ба ҳамин монанд, дар саҳифаи 370 дар ҷойи таваллуди вакили халқ Бобоев Мирзо ба иштибоҳ роҳ дода шудааст. Ӯ зодаи шаҳри Кӯлоб не, балки деҳаи Ғуломободи ноҳияи Муъминобод мебошад.
Чунин хатоҳо дар саҳифаҳои 251 ва 383 дар тарҷумаи ҳоли вакили халқ Раҳимов Мурод ду ҷойи таваллуд — деҳаи Гардинақули ноҳияи Ховалинг ва Гарданаки ноҳияи Восеъ такрор шудааст.
Ҳамчунин, дар саҳифаҳои 635 дар ҳолномаи вакили халқ Ашрафов Бурихон ба ҷойи деҳаи Муъминобод саҳван ноҳияи Муъминобод, деҳаи Ховалинги ноҳияи Ховалинг рафтааст.
Хуб мешуд, ки дар нашрҳои ояндаи китоб пас аз қайди соли таваллуд, моҳу соли вазифа ва маҳаллу ноҳия, рӯзу соли вафоти вакилро низ сабт мекарданд.
Дар саҳифаҳои 219 ва 304-и китоб ному насаби вакили халқ Бозорбоева ду хел Марям ва Майрам Маликовна ва ҷойи таваллудаш ду тарз — шаҳри Казалинск ва Қазалинский навишта шудааст.
Ҳамин гуна хатоҳо ва иштибоҳҳо дар китоб хеле зиёданд, вале мо бо овардани чанде аз онҳо қаноат кардем. Боварӣ дорем, ки дар нашрҳои такрории китоб эрод ва пешниҳодҳои банда ба назар гирифта мешаванд.
Нурулло ҲАСАНОВ,
ноҳияи Муъминобод