24 ноябри соли 1992 таҳти раёсати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия масъаларо «Дар бораи Парчами давлатӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ баррасӣ намуд. Дар иҷлосия доир ба моҳият ва аҳамияти қабули рамзҳои давлатӣ академик Муҳаммад Осимӣ гузориш дод.
Сипас, аз ҷониби вакилони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун рамзҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.
***
24 ноябри соли 2010 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бунёди пояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман оғоз ёфт.
***
Пояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 165 метр баландӣ дорад, аз ҷониби бинокорони Корхонаи «Алюминсохтмон» ва Ширкати байналмилалии «Трейдент Саппот» бунёд ёфтааст.
***
Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоми 30 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баландтарин парчам дар ҷаҳон аст, парафшон гардид.
***
Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин муносибат пешниҳод намуданд, ки ин мавзеи ободу дилрабо Майдони «Парчами давлатӣ» номида шавад.
***
Низомнома «Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 декабри соли 1999 таҳти №892 тасдиқ шуд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12 майи соли 2007 таҳти №254 мавриди амал қарор дорад. Боби 2 — юми қонуни мазкур ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.
Таҳияи Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»