Ман зодаи Тоҷикистонам. 5 феврали соли 1968 дар ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омадаам. Падару модарам тоҷик ва шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Соли 1990 ман бо роҳхати Кумитаи комсомол ба Федератсияи Россия рафта, чанд сол дар он ҷо кору зиндагӣ намудам. Алҳол дар ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекунам. Оиладор, соҳиби ду фарзанд мебошам. Аз соли 2011 чанд маротиба ба мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ барои гирифтани шаҳрвандӣ муроҷиат кардам. Мутаассифона, то ҳол арзи ман қонеъ гардонида нашудааст. Дар ҷавоб ба муроҷиати такрорӣ 20-уми июли соли равон аз ҷониби муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Ашӯриён ба ман тавсия дода шуд, ки оид ба гирифтани шиносномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мизи шиносномадиҳии маҳалли зистам муроҷиат намоям.
Тибқи тавсияи мазкур ба Хадамоти шиносномадиҳию бақайдгирии ШВКД-1 — и ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат кардам. Аммо аризаи ман барои гирифтани шиносномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хабарнома аз 8 сентябри соли 2016 рад карда шуд. Бо мақсади муайян кардани сабаби рад шудани ариза ба назди сардори ХШБ ШВКД-1-и ноҳия даромадам, вале ба ҷойи фаҳмонда додан маро аз ҳуҷраи сардор ронданд.
Мақомоти умури дохилӣ бояд ҳимоятгари ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон бошанд. Медонем, ки сардорон баъзан ҳолат серкоранд. Бигзор муроҷиати шаҳрвандонро ба рӯйхат гирифта, бо навбат даъват кунанд. Бо сухани қабеҳ гуфтану пеш кардан магар мушкили шаҳрвандон ҳал мешавад? Ман истиқоматкунандаи Тоҷикистонам. Аҳли деҳа марову падару модарамро мешиносанд. Сабаб чист, ки мақомоти дахлдор бо ман чунин муносибат мекунанд?
Сайхӯҷа Партапов, сокини деҳаи Шарафи деҳоти «Зайнабобод»-и ноҳияи Рӯдакӣ