Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҳусни ҳамкориҳои дуҷониба изҳори сипос намуда, дар хусуси мақолаи Нӯъмон Низомӣ зери унвони «Чаро барои мӯйсафедон чойхонаҳо заруранд?», ки дар шумораи 7 (3957) аз 17 январи соли 2019 рӯйи чоп омадааст, эҳтиромона ба маълумот мерасонад, ки масъалаи мазкур дар омӯзиш ва баррасии сохторҳои марбута қарор дорад ва бунёду сохтмони чойхонаҳо барои мӯйсафедон дар доираи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе тибқи тартиби муқарраргардида амалӣ мегардад.
Мавсума МУИНӢ, муовини раиси шаҳри Душанбе