Чаро дар Рӯшону Шуғнон рӯзи аввали Наврӯз бо истеъмоли ғизои наврӯзӣ оғоз меёбад?

№36 - 37 (3880-3881) 20.03.2018

КАлажжжжМардуми навоҳии Шуғнон ва Рӯшон Наврӯзро асосан «Хидирайём», яъне «Иди калон» мегӯянд. Инчунин, бо номи шогун, ҷашни бузург ва ё ҷашни баҳор низ ёд мекунанд. Маъмулан ин ҷашн дар Шуғнон ва Рӯшон се рӯз идома меёбад.

Ҳарчанд мардуми одӣ фаро расидани Наврӯзро донанд ҳам, барои мушаххас сохтани замони таҳвили сол ба халифа, муллои маҳалла ва ё ба китоби нуҷум муроҷиат менамоянд. Мулло соату лаҳзаи фарорасии Наврӯзро ба аҳли деҳ эълон мекунад. Ҳадафи аслии соатпурсӣ аз ҷониби сокинони маҳаллӣ «ҷилавгирӣ аз соат ё рӯзи наҳс ва истиқболи Наврӯз дар рӯз ё «соати саъд» будааст.

Рӯзи аввали Наврӯз бо истеъмоли ғизои наврӯзӣ шурӯъ мешавад. Соҳиби хона хурду калонро то баромадани аввалин нурҳои офтоб аз хоб мехезонад ва пас аз сухани табрикии «Шогун баҳор муборак» ба иҷрои маросими «хонатаконӣ» оғоз мекунад.

Маъмулан соҳибхона ва кадбонуи хона ордро хамир карда, ба пухтани нонҳои махсуси наврӯзӣ, ки қумоч ном доранд, шурӯъ менамояд. Чормағзу тути нармшударо дар дохили хамир андохта, онро дар оташдон бо хокистари гарм мепӯшонанд. Оташдонро барои ин кор мардҳо пешакӣ омода месозанд.

Дар он рӯз хонаводаҳо «кочӣ-ширатола» мепазанд. Вақте «кочӣ» пухт, ба он равғани зағир ё равғани зард меандозанд ва аҳли хонавода онро истеъмол мекунанд.

Тибқи одат соҳибхона аз кочӣ ба ҳамсояҳо, пирону барҷомондагон ва ­оилаҳои камбизоат низ мефиристад. Баъди истеъмоли кочӣ марди хона аз растании махсус, ки дар тирамоҳ аз кӯҳҳо чидааст, дар берун ду намуд ҷорӯб мебандад. Якеро, ки чӯбдастаи дароз дорад, «саворҷорӯб» ва дигаре бе даста аст, «пиёдаҷорӯб» меноманд. Соҳиби хона аз бед ду химча (ҳатман ҷуфт бошад) гирифта, ҷорӯбҳо дар даст ба хона медарояд ва мегӯяд:

«Шогун баҳор муборак»

Соҳибхоназан дар остонаи дари хона истода, ба китфи ӯ каме орд мепошаду мегӯяд: «Бар рӯйи шумо муборак». Дар он лаҳзаҳо ба хона даромадани касе мумкин нест. Ин маросимро «пичиромч» мегӯянд. Соҳибхоназан бо «саворҷорӯб» деворҳои хона ва бо «пиёдаҷорӯб» фарши хонаро тозаю поксозӣ мекунад .Сипас, ба гулкории хона машғул мешавад. Ӯ дар деворҳою сутунҳои хона бо дасташ ва дар чорхона — ҷойҳои баланд бо шакле, чӯбдаста гул мепартояд. Гулҳои деворҳову шифти хона аз орди сафед наққошӣ мешаванд.

Дар Шуғнону Рӯшон се намуди гулҳои ордии наврӯзӣ маъмуланд. Соҳибхоназан панҷаи дасташро дар орд андохта, баъд онро ба девор ё сутуни хона мезанад ва ба ин амал нақши дасташ дар девори хона мемонад. Ин «гули панҷаӣ» ном дорад ва гули дувумро тавассути тоқӣ (тӯпӣ) дар деворҳо мекашад. Тӯпиро се қат карда, параҳои доираи онро ба даруни орд мезананду дар девор пахш мекунанд. Дар натиҷа, дар рӯйи девор нақшҳое пайдо мешаванд, ки шакли дил ё наъли аспро мемонанд. Гули дигар аз чӯби доирашакле, ки бо таноби тоза печонда шудааст ва аз байнаш ду чӯби дигар чалипо гузаронда шудаанд, иборат аст.

Ин доира ба чӯбдасти дароз баста шудааст ва бо он маъмулан чорхонаи хонаро, ки хеле баланд аст, гулкорӣ мекунанд. Гули он бештар ба офтоб шабоҳат дорад. Дар маросими «хонатаконӣ» хурду калон ширкат меварзанд. Ин нақшҳо фақат аз орд гулкорӣ мешаванд ва маънии сафедӣ — осоиштагӣ, фаровонии молу зироат, пирӯзии сафедӣ бар сиёҳӣ дар соли нав аст.

Вақте ки поккории хона анҷом меёбад, соҳибхоназан чангу ғубори порсоларо ҷамъ карда, аз даруни хона садо баланд мекунад. Бояд ҳама аз пеши роҳаш дур шаванд, зеро ҳангоми аз хона берун омадан имкон дорад, ки аз ин гарду ғубори порсола ба он одам офат расад.

Замоне ки поккории хона анҷом мешавад, аҳли хонадон зарф ё ва асбобу анҷоми хонаро бардошта, ба хона медароянд. Дар даст навдаи дарахт, ки пӯсти он аз ҳар тараф бо корд гулкорӣ шуда, гулро ба хотир меорад, онҳо вориди хона шуда, соҳибхоназанро бо баҳори нозанин табрик мегӯянд.

Кӯдакон дар рӯи деворҳо бо хокаи зард ё сафед расм мекашанд. Дар тас­вирҳо асосан рамаи ҳайвоноти хонагӣ, чӯпон, саг ва нахчир кашида мешаванд. Саг нишони оромию осудагӣ буда, нахчир дар тасаввури мардум ҳайвони муқаддасест, ки кашидани расми он ба хона баракат меорад. Ҳар касе, ки дар девор расми зиёдтар кашад, ҳамон сол комёбиҳо насиби ӯ мешавад.

Бегоҳии ҳамон рӯз расми идиталабон, ки дар забони маҳаллӣ «килоғузғуз» ном дорад, сурат мегирад. Ин расми наврӯзӣ дар навоҳии Бадахшон хеле қадимӣ аст. Дар он рӯз касе агар аз ҳамсоя ё хешаш духтарашро ба хостгорӣ талаб кунад ё аспу барзаговашро хоҳад, ӯ ҳақ надорад, ки рад кунад.

Аксари ҷавонон, ки ба духтаре ошиқ шудаву ба пирӯзӣ бовар надошта бошанд, умедашонро маҳз дар ҳамин рӯзи фирӯз мебанданд, зеро волидайни духтар талаби хостгоронро рад намекунанд.

Расми «килоғузғуз» ба сурати зер анҷом мегирад. Шахси талабанда вақти шом ба боми хонае мебарояд ва рӯймолеро баста, аз равзанаи хона кашол мекунад ва ин абётро мехонад:

Наврӯз шуду лолаи хушранг баромад,

Булбул ба тамошои дафу чанг баромад.

Мурғони ҳаво ҷумла бикарданд парвоз,

Мурғи дили ман аз қафаси танг баромад.

***

Боҷак (чормағз) биёр, қар-қар бикун,

Равған биёр жар-жар бикун,

Тоқӣ биёр бар сар бикун,

Шогун баҳор муборак!

Аз дарун соҳиби хона матлабашро мепурсад ва иҷро мекунад.

Рӯзи дувуми Наврӯз рӯзи «дишид нахтид» ё «бомбароён» ном дорад.

Дар гузашта чанд хонавода бо баромадани офтоб дар болои боме ҷамъ мешуданд ва ҳар кас аз хона мувофиқи тавон ҳамроҳ ғизо мегирифт. Ҳоло «бомбароён» дар замин гузаронида мешавад, зеро дар он аҳли деҳа ширкат мекунанд ва табиист, ки бом аҳли деҳаро гунҷонида наметавонад.

Дар шаби рӯзи дувум хонаводаҳо хӯрокеро ба номи «боҷ» тайёр мекунанд .

Дар собиқ хонаводаҳои давлатманд асосан гӯсфандеро, ки «айёомиҷ» ё идона меноманд, дар рӯзи ҷашни наврӯзӣ  забҳ мекарданд, қисмати гӯштро бо каллаву поча барои таҳияи «боҷ» муҳимтарин ғизои наврӯзӣ ҷудо менамуданд.

Барои пухтани «боҷ» гандуми навъи беҳтарин интихоб ва дар «булоксанг» кӯфта мешавад. Вақти фаро расидани шаб, марди хона барои пухтани боҷ бо сатил барои об меравад. Аз рӯйи расму оин мард бояд тавре об биёрад, ки касе аз ҳамсояҳо ва роҳгузарон ӯро набинанд. Шарт аст, ки ӯ обро аз ҷӯй бояд бо як кашидан гирад.

Соҳибхоназан дегро рӯйи оташ мемонад. Шахси аз ҳама солори хона гӯшту гандуми кӯфтаи дуруштро ба деги тафсону ҷӯшон меандозад ва то ба ҷӯш омадани «боҷ» касе аз хона бояд берун набарояд. Вақте ки деги «боҷ» меҷӯшад, марди хона берун меояду бо ҳамин «пичиромчи» ­дувумро мешиканад.

Ӯ дар берун аз дарахти мевадор (ин шарти ҳатмӣ аст) шохаеро гирифта, ба хона меояду бо он ҳамаро «Шогун баҳор муборак» мегӯяд ва шохаро ба оташдон мепартояд.

«Боҷ»-ро то дер ҷӯшонда, сипас дар кӯзаи калони сафолӣ мерезанду кӯзаро ба даруни оташдон монда, болои он бо хокистари гарм мепӯшонанд. «Боҷ» то субҳ нарм-нарм меҷӯшад. Субҳ, қабл аз ба зарф­ҳо кашидани «боҷ», мард аз хона берун меояд. Вақти бозгашт, замоне ки шарфаи пойи ӯ аз пушти дар шунида мешавад, соҳибхоназан мепурсад (гуфтугӯ ба забони тоҷикӣ сурат мегирад):

- Кистӣ?

- Манам атторӣ .

- Чӣ бор кардӣ?

- Уштур ба қатор.

- Чӣ овардӣ?

- Ғаллаи бисёр .

- Аз куҷо овардӣ?

- Баракати Ғунду Шикошим .

- Боз чӣ овардӣ?

-Намаки фаровон .

Баъди ин аъзои хонавода бори дигар ҳамдигарро табрику «шогун баҳор муборак» мегӯянду ба сари дастурхон менишинанд.

Агар соли камбарф бошад, дар рӯзи сеюми Наврӯз кӯҳистониёни Шуғнону Рӯшон маъмулан ҷашни деҳқонро истиқбол мегиранд. Ин ҷашни идомаи Наврӯз буда, вижагиҳо дорад, «ҷуфтбаророн» («хиҷзивест») меноманд. Аксари сокинони ноҳияи Шуғнону Рӯшон Наврӯзро аз дӯстдоштатарину маҳбубтарин ҷашнҳои минтақа медонанд.

Эътироф бояд кард, ки солҳои охир бисёр маросим ва оинҳои ба Наврӯз алоқаманд аз байн рафтаанд ва ё шакли дигар гирифтанд. Барои мисол, маросими «син» ва «ҳафтшин» хоси мардуми кӯҳистон набуда, зери таъсири ислом пайдо шудааст.

К. Элчибеков,

номзади илмҳои таърих