Нигаронӣ

Чаро дар вилояти Хатлон қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо бекор мешаванд?

№ 18.08.2022

Дар давоми шаш моҳи сипаригаштаи соли ҷорӣ аз тарафи мақомоти прокуратура нисбат ба 166 қарори раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бинобар ғайриқонунӣ будан эътироз оварда шудааст. Аз он қарорҳо 84 адад бекор ва 75 адади дигар ба қонун мутобиқ гардонида шуд.

Ба иттилои раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон Диловар Пирзода бекоршавии қарорҳо дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб — 6 адад, Левакант — 3, Бохтар — 1, Қубодиён — 15, Хуросон -11, Панҷ — 10, Восеъ ва Фархор — 9, Шаҳритус — 5, Муъминобод — 4, Абдураҳмони Ҷомӣ -2 ва Ёвону Шамсиддини Шоҳин 2-ададӣ ба қайд гирифта шудааст.

Аксари қарорҳое, ки бекор гаштанд, ба замин вобаста буда, сабаб бемасъулиятии баъзе роҳбарон аст.

Тибқи маълумоте, ки аз Прокуратураи вилояти Хатлон дастрас гардид, дар самти назорати иҷрои қонунгузории замин аз натиҷаи 92 санҷиш барои бартарафсозии қонунвайронкуниҳо 1279 санади прокурорӣ бароварда, бо баррасии санадҳои эътиноии прокурорӣ 1839 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуданд. Инчунин, барои ғайриқонунӣ додани замин, худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва дигар ҷиноятҳо 290 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Бо санадҳои эътиноии прокурорӣ 3287 гектар замини худсарона ишғолшуда ва ғайриқонунӣ тақсимгашта ба ҳолати аввала баргардонида шудааст.

Мусаллам аст, ки баъд аз бекор гаштани қарорҳои ғайриқонунӣ қабулшуда, вобаста ба замин асосан шаҳрвандон зарар мебинанд. Чунки баъди бекор гаштан дар аксар ҳолат манзилҳои истиқоматии сохташуда вайрон карда мешаванд. Барои мисол, дар ноҳияи Шаҳритус аз сабаби ғайриқонунӣ ҷудо гаштани қитъаҳои замин хонаҳои чанде аз сокинон вайрон карда шуд.

Раиси ноҳияи Шаҳритус Ҷабборӣ Ғаффор перомуни ин масъала зимни нишасти матбуотӣ гуфт, манзилҳое, ки вайрон шуданд, худсарона аз тарафи шаҳрвандон бунёд шуда буданд. Аз ин лиҳоз, дар натиҷаи санҷиши комиссияи салоҳиятдор замине, ки худсарона ғасб шуда буданд, ба ҳолати аввала баргардонида шуданд.

Прокурори вилояти Хатлон Абдураҳим Раҳимзода гуфт, ки дар ҳар як мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ комиссияи дахлдор фаъолият мекунад ва онҳо парвандаи заминро пурра омода мекунанд. «Вазифаи онҳо дуруст омада кардани лоиҳаи қарор аст», — афзуд ӯ.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода низ зимни нишасти матбуотӣ, ки 28 июли соли ҷорӣ баргузор гардид, аз зиёд бекор гаштани қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят нигаронӣ кард. Дар вақти таҳияи лоиҳаи қарор аз муовини якум то дигар ниҳодҳои дахлдор вазифадоранд, ки дар чаҳорчӯбаи қонунҳои амалкунандаи кишвар амал намоянд.

- Дар ин кор айби шаҳрванд нест. Шаҳрванд маблағи зиёд хароҷот карда, хона бунёд мекунад. Баъд аз вайрон гаштани манзилҳои зист норозигӣ нисбат ба сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи Ҳукумати мамлакат ба амал меояд. Масъулини мақомоти дахлдори шаҳру ноҳияҳо нисбат ба ин масъала вазифадор шудаанд ва бояд ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд, — гуфт раиси вилоят.

Мутаассифона, сол то сол бекоршавии қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон зам мешаваду кам не. Соли 2021 ба 400 қарор аз ҷониби прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят эътироз оварда шуда буд, ки 316 адади он ба масъалаи замин алоқаманд буданд. Беш аз 60 фоизи ин эътирозҳо ба қарорҳои раисони амалкунандаи шаҳру ноҳияҳо тааллуқ доштанд.

Масъулинро зарур аст, ки оид ба ин масъала назоратро ҷиддӣ ба роҳ монанд, зеро баъд аз бекор шудани қарор сокинон саргардон мешаванд.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»