Таи чанд моҳ аст, ки сарсону саргардонам. Барои он ки асли воқеа маълум бошад, ба таври мухтасар муҳтавои мушкилотро гуфтаниам.
Ибтидои солҳои 90-уми қарни гузашта аз шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон ҳавлиеро, ки соҳибаш кӯчида рафта буд, харидам, вале ҳангоми дар сафари хизматӣ буданам ҳамсояҳоям Абдуманнон Рауфов ва Маҳкам Ҳалимов бо баҳонаи нав кардани девори мобайнӣ мутаносибан 25 ва 28,5 метри мураббаъ замини ҳавлии маро худсарона аз худ кардаанд.
Роҷеъ ба ин масъала ба мақомоти дахлдор, аз раиси шаҳри Бӯстон то Прокуратураи генералӣ, арз кардам. Хушбахтона, онҳо воқеиятро фаҳмиданд ва ба масъулон дастур доданд, ки камбудӣ ислоҳ карда шавад. Аз ҷумла, дар қарори раиси шаҳри Бӯстон таҳти №317 аз 8-уми декабри соли 2020, дастури Прокуратураи вилояти Суғд таҳти №12/60 м/с-и аз 19 феврали соли 2021 омадааст, ки дар ҳақиқат «ин ҷо қонунвайронкунӣ содир шудаасту он ба ҳолати аввала баргардонда шавад».
Тибқи дастури прокуратура, барои муайян сохтани масоҳати ҳавлиҳои ману ҳамсояҳо ширкати «Суғдзаминсоз» 21-уми августи соли 2021 санҷиш гузаронд ва аниқ кард, ки замини ҳавлии ман аз ҷониби Абдуманнон Рауфов ба масоҳати 25 м2 ва аз тарафи Маҳкам Ҳалимов ба масоҳати 28,5 м2 забт шудааст. Вақте ҳамсояҳо аз ин хулоса розӣ нашуданд, ширкати мазкур такроран 18-уми ноябри ҳамон сол санҷиш гузаронд ва забткунӣ аз тарафи ҳамсояҳо исботи худро ёфт. Дар ин ченак маълум гардид, ки қитъаи замине, ки Маҳкам Ҳалимов ба масоҳати 28,5 м2 худсарона ишғол кардааст, берун аз шиносномаи техникӣ ва бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда аст.
Дар ҳамин маврид гуфтаниам, ки вақти тафтиши комиссияи ҳукуматӣ аз чӣ бошад, ки масоҳати хонаи ман ҳар дафъа тағйир меёбад.
Ниҳоят маҷбур шудам ба Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ муроҷиат кунам, то ки ба қарорҳои нодуруст қабулнамудаи кумитаи идораи замини шаҳри Бӯстон ва прокуратураи шаҳр эътироз оварда шавад. Хушбахтона, дар Прокуратураи генералӣ дастур доданд, ки ба банди 2 қисми 1 қарори №117-и раиси шаҳри Бӯстон аз 18-уми декабри соли 2020 эътироз оварда, барои ба ҳолати аввала баргардондани заминҳои худсарона ишғолкарда дастур дода шуд, вале, мутаассифона, дастури мазкур то ҳол иҷро намешавад.
Дар яке аз ҷавобҳояш Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон баъд аз санҷиши навбатӣ навиштааст, ки гӯё «заминҳои ғайриқонунӣ ишғолкардаи А. Рауфов ва М. Ҳалимов аз ҳисоби заминҳои истифодаи умум аст». Ман ҳайронам, ки вақте дар поёни ҳавлии мо канали обгузар ҷойгир шудаасту аз пеши ҳавлӣ кӯчаи мошингузар, чӣ хел он «замини истифодаи умум» мешудааст?!
Дар ин маврид боз як нуктаи дигарро қайд карданиам. Дар қарори прокуратураи шаҳри Бӯстон аз 23-юми ноябри соли 2020 омадааст, ки «сохтмони аз тарафи шаҳрванд М. Ҳалимов барпокардашуда каме ба тарафи ҳавлии А.Рауфов даромадааст, ки 28,5 метри мураббаъро ташкил медиҳад».
Модоме ки мақомоти назорати иҷрои қонунҳо вайронкории шаҳрванд М. Ҳалимовро зикр кардаю эътироф намуда бошад, чаро онро мақомоти дахлдор, алалхусус Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ва кумитаи идораи замини ноҳия бартараф намекунанд?!
Ҳарчанд Абдуманнон Рауфов мутобиқи моддаи 141 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷаримабандӣ шуда, дастур дода шудааст, ки «қисми ғайриқонунӣ ишғолшуда ба масоҳати 25 м2 ба ҳолати аввала баргардонда шавад», он то имрӯз ислоҳ намешавад.
Нисбат ба ҳамсояи дигар М. Ҳалимов бошад, бо вуҷуди эътироф шудани кирдорҳои ғайриқонуниаш, аз тарафи мақомоти дахлдор то ба ҳол ягон ҷавобгарӣ муқаррар нашудааст.
Номаамро ба идораи рӯзномаи «Садои мардум» ҳамчун нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат оварда, умед дорам, ки чопи он ба ислоҳшавии қонуншиканиҳои ҷойдошта мусоидат менамояд.
Абдусалом РАУФОВ,
сокини шаҳри Бӯстони вилояти Суғд