Раиси Кумитаи иҷроияи мудирияти Донишгоҳи Осиёи Марказӣ Шамс Кассим Лакха, ки чанд муддат дар шаҳри Хоруғ қарор дошт, ҳамроҳи як гурӯҳ рӯзноманигорон бо ҷараёни сохтмони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ шинос гардид.
Шамс Кассим Лакха ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки кампуси якуми Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) дар шаҳри Хоруғ, моҳи сентябри соли 2017 ифтитоҳ мешавад. Рафти сохтмон қаноатбахш буда, ҳайати идоракунии сохтмон, муҳандисон ва пудратчиён пурра аз ҳисоби сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд. Тақрибан 95 фоизи коргаронро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Бисёре аз кормандон хатмкардагони Маркази касбӣ-техникии Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори ДОМ мебошанд. Бинои Маркази таълимии касбӣ — техникӣ бо таҷҳизоти муосир барои касбомӯзон муҷаҳҳаз буда, ҳоло 590 шунавандаро ба таҳсил фаро гирифтааст.
Ҳангоми суҳбат бо сохтмончиён маълум шуд, ки барояшон ҳама шароит муҳайёст. Аксари онҳо солҳои пеш барои кор ба Федератсияи Россия мерафтанд. Аз тобистони соли 2015 дар сохтмони ДОМ кор мекунанд ва музди меҳнатро сари вақт мегиранд.
Нисар Кишванӣ, сардори Маркази иттилоот ва маркетинги ДОМ, вобаста ба қабули донишҷӯён иттилоъ дод, ки Донишгоҳи Осиёи Марказӣ маъракаи қабули бакалаврҳоро дар Осиёи Марказӣ оғоз намуд. Донишгоҳи мазкур аввалин донишгоҳ бо таъминоти пурраи зист дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Кампуси аввалини донишгоҳ моҳи сентябри соли 2016 дар шаҳри Норини Ҷумҳурии Қирғизистон кушода мешавад. Таҳсил дар донишгоҳ панҷ сол буда, ба донишҷӯён барномаи омодагии яксола барои тайёр намудани онҳо дар сатҳи байналмилалии академикӣ кумак мерасонад. Баъдан донишҷӯён бо таҳсили дусолаи маълумоти умумӣ тавассути барномаи таълимӣ, ки аз тарафи барномаҳои гуманитарии Амрикои Шимолӣ таҳия шудааст, фаро гирифта мешаванд. Дар ду соли охир диққати асосӣ ба ихтисосҳои бакалаврӣ оид ба компютер, иттилоот ва ахбори омма дода мешавад.
Нисар Кишванӣ ба саволи «Чаро Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ сохта мешавад?», — чунин посух дод: — Ҳар се бинои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар манотиқи кӯҳистони Осиёи Марказӣ сохта мешаванд, на маркази шаҳрҳо. Масалан, мавзеи интихобкардаи мо дар шаҳри Хоруғ Дашт ном дорад. Беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ва баланд бардоштани сифати маълумоти олӣ дар шароити деҳоти дурдаст аз ҷумлаи мақсадҳои мост. Баъди ба истифода додани навбати аввали сохтмон мо 150 донишҷӯйро барои таҳсил ва 90 устоду мутахассисро ба кор дар донишгоҳ фаро хоҳем гирифт. Бо итмоми сохтмон дар донишгоҳ 1200 донишҷӯй таҳсил намуда, зиёда аз 350 мутахассиси соҳа бо кор таъмин мешаванд. Маблағи умумии сохтмон 95 миллион доллари ИМА-ро дар бар мегирад.
Моҳи апрел имтиҳони қабули донишҷӯён, ки дар кампуси Норин ва Хоруғ номнавис шудаанд, пешбинӣ шудааст. Донишҷӯёне, ки мақсади таҳсил дар шаҳри Хоруғро доранд, соли 2017 ба Хоруғ кӯчонида мешаванд.
Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»