Аз паи мактуб

Чаро корхонаи «Ориён — Рустам» аз фаъолият монд?

№ 05.09.2022

20220820_102634«Мо — коркунони Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ориён — Рустам» — и шаҳри Кӯлоб аз 13 июни соли ҷорӣ то ин дам бинобар сабабҳои беасос хомӯш намудани барқи корхона фаъолият надорем. Ҳар кадоми мо 2 — 3 фарзанд дорем. Онҳоро хӯрондану пӯшонидан лозим. Намедонем арзу шикоятамонро ба куҷо гӯем. Аз шумо — кормандони нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш менамоем, ки ба мо барои ҳалли ин масъала ёрии худро расонед».

Чунин омадааст дар аризаи шикоятии кормандони Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ориён — Рустам» — и шаҳри Кӯлоб ба идораи рӯзнома. Хабарнигорамон барои омӯзиши  масъала ба шаҳри Кӯлоб рафт.

Ҳангоми вориди бинои корхона шудан марди миёнасоле наздамон баромад ва худро Амриддин Рустамов, роҳбари корхона муаррифӣ карда, гуфт:

- 14 июни соли равон як гурӯҳ кормандони Шабакаҳои барқи ҷумҳурӣ якҷоя бо кормандони Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб ва минтақаи Кӯлоб вориди корхона шуданд. Дар ҳудуди корхона ду зер­истгоҳ вуҷуд дорад. Яке зерист­гоҳи «ЛКА — 22», ки ба соҳибкори инфиродӣ Ғафуров Тағаймурод, дигар зеристгоҳи «ЛКА — 16» ба ­ҶДММ «Ориён — Рустам» мансуб аст. Зеристгоҳе, ки ба соҳибкор Ғафуров Тағаймурод тааллуқ дорад, дар барномаи Шабакаҳои барқ пайваст набудааст. Ҳисобкунакро санҷиданд, маълум гардид, ки фаъол аст, аммо дар барнома ворид нест. Ба ҳамин хотир, барқи зеристгоҳи «ЛКА — 22» ва «ЛКА — 16» — ро хомӯш карданд. Дар ҳолати қатъ шудани интиқоли неруи барқ корхонаи мо низ аз зеристгоҳи «ЛКА — 22» барқ мегирифту маблағашро сари вақт пардохт мекардем. Нисбат ба соҳибкори инфиродӣ Ғафуров Тағаймурод санад тартиб доданд, ки ба мо дахл надорад. Аммо барқи моро бе огоҳӣ хомӯш карданд.

Ҳангоми хомӯш гардидани қувваи барқ дар дегҳои корхона беш аз 1700 килограмм гӯшти гӯсфанд ва 20 тоннаву 500 килограмм фарши мурғ вуҷуд дошт, ки вайрон шуданд. Дар баробари ин, яхдонҳои корхона низ пур аз маҳсулоти нимтайёри гӯштӣ буданд. Дар маҷмӯъ, 647 ҳазору 330 сомонӣ зарар расид.

- Дар корхона 36 корманд фаъо­лият мекарданд. Дар баробари панҷ сех, фермаи парандапарварӣ низ фаъолият мекунад, ки имкони парвариши 20 ҳазор сар парандаро дорад. Ҳасибҳои истеҳсолкардаи ҶДММ «Ориён — Рустам» на танҳо дар минтақаи Кӯлоб, балки дар мағозаҳои шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд низ ба фурӯш бароварда мешавад. Таҷҳизоти корхона замонавӣ буда, аз давлатҳои Олмон, Полша ва Федератсияи Россия оварда шудааст. Бо мақсади сарфа кардани қувваи барқ таҷҳизоти замонавиро харидорӣ кардем, ки бо ангишт кор мекунад. Мо — соҳибкорон ҳамеша дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор қарор дода, кӯшиш мекунем, ки соҳаи саноатро тараққӣ дода, сокинонро бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин намоем.

600 ҳазор сомонӣ қарзи барқ аз куҷо пайдо шуд?

Вобаста ба мушкилоти ҷойдошта хостем бо сардори Шабакаҳои барқи Кӯлоб Наврӯз Кишваров ҳамсуҳбат шавем. Мутаассифона, ӯро дар ҷои кор пайдо накардем. Дар суҳбати телефонӣ гуфт, ки дар маҷлиси Шабакаҳои тақсимоти барқи минтақаи Кӯлоб ҳаст. Вақте омад, аз наздик суҳбат мекунем. Мутаассифона, дигар на дар ҷои кораш пайдо кардему на ба зангҳои телефонӣ ҷавоб дод.

Фарҳод Мирзоев, роҳбари тиҷоратии Шабакаҳои барқи Кӯлоб дар суҳбат гуфт, ки ҶДММ «Ориён — Рус­там» аз Шабакаҳои барқ анқариб 600 ҳазор сомонӣ қарздор аст. Аммо Амриддин Рустамов, директори корхона гуфтаҳои Мирзоевро ботил хонда афзуд, ки корхона аз барқ қарздор нест, балки 662 сомонӣ пешпардохт дорад.

Ғами кормандонро кӣ мехӯрад?

Зане, ки худро Солиҳова Назокат муаррифӣ кард, гиламандона гуфт: «Таи 8 сол дар корхона ба ҳайси мутахассис — технолог кор мекунам. Соҳиби чор фарзандам. Корхона, ки кор накунад, аз куҷо маб­лағ меёбам, то барои фарзандон сарулибоси мактабӣ харам. Дар як сехи корхона беш аз 20 зан кор мекарданд. Агар қувваи барқ бошад, 60 сомонӣ дар як рӯз кор мекунем. Чӣ кор кунам?» — суол гузошт ӯ.

Фарзона зани дигаре, ки дар сехи ҳасиббарорӣ кор мекард, аз набудани неруи барқ нигаронӣ карда, гуфт: «Ду моҳ шуд, ки корхона аз сабаби набудани барқ кор намекунад. Ҳоламон бад аст. Намедонем, ки ба куҷо муроҷиат кунем?».

Магар масъулини ШСХК «Барқи Тоҷик» дар хомӯш кардани қувваи барқи корхона ва бе ҷои кор мондани 30 сокини маҳаллиро аз рӯи адолат медонад? Бо хомӯш кардани қувваи барқ соҳаи саноат дар Кӯлоб рушд мекунад?

 Темур Табаров, сардори ФҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Кӯлоб 13 июли соли 2022 зимни нишасти матбуотӣ сабаби хомӯш кардани барқи ҷамъиятро чунин шарҳ дод: «Дар зеристгоҳи ҶДММ «Ориён — Рустам» ҳисобкунаки интелектуалӣ насб гардидааст. Вақте ки дар ҶДММ «Ориён — Рус­там» қоидавайронкунӣ шуд, ҳисобкунак огоҳ кардааст. Операторон бо нозирони ҷамъият дар якҷоягӣ ногаҳонӣ вориди корхона шуда, қоидавайронкуниро ошкор намуданд. Тафтишот муайян мекунад, ки кӣ гунаҳгор аст? Аз тарафи сохтори болоӣ дастур шуд, то ба итмом расидани тафтишот  барқро  хомӯш кунанд».

Ҳамин тариқ, 18 июли соли 2022 таҳти №14 роҳбари ҶДММ «Ориён — Рустам» — и шаҳри Кӯлоб ба раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода мактуб ирсол кард, ки дар он омадааст: «… Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ориён — Рустам» — и шаҳри Кӯлоб ба маълумоти шумо мерасонад, ки аз 14 июни соли 2022 инҷониб барқи корхона бе огоҳӣ аз тарафи кормандони шабакаҳои тақсимоти барқ хомӯш карда шуд. Дар натиҷа, маҳсулоти гӯштие, ки қариб 30 тонна буд, вайрон шуда, аз тарафи Кумитаи бехатарии озуқавории шаҳри Кӯлоб санад тартиб дода шудааст. Ба маълумоти шумо мерасонем, ки 36 нафар бе ҷои кор монданд».

Бояд гуфт, ки баъд аз мактубҳои пай дар пай 16 августи соли 2022 аз тарафи Филиали ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Кӯлоб бо имзои роҳбари филиал Т. А. Табаров ҷавоб гардониданд, ки дар он омадааст: «Филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Кӯлоб аризаи шуморо аз 2 августи соли 2022 таҳти №30/023 мавриди баррасӣ қарор дод. Дар аризаатон овардаед, ки аз 13 июни соли ҷорӣ, бинобар сабаби беасос хомӯш намудани барқ дар корхона бекор мондаед. Кор накардану бе музди меҳнат монданатон гарон афтодааст…».

Чунин тарзи ҷавобнависиро бори аввал мебинам ва ҳайрон ҳам шудам, ки «кор накардану бемузди меҳнат монданатон гарон афтодааст», чӣ маъно дошта бошад?

Дар ҷои дигар чунин навишта шудааст: «Ҳангоми гузаронидани санҷиш аз ҷониби идораи таъминкунандаи барқ (ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва Шабакаҳои барқии шаҳри Кӯлоб) 14 июни соли 2022 дар корхонаи шумо фаъолиятдош­та муайян карда шуд, ки бинобар ошкор намудани қонуншиканиҳо истифодаи неруи барқ хомӯш гардонида шудааст…».

 Муовини раиси вилояти Хатлон З. Файзуллозода 25 июли соли 2022 ба мактуби роҳбари ҶДММ «Ориён  — Рустам» — и шаҳри Кӯлоб чунин ҷавоб гардонидааст:

«Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон муроҷиати шуморо аз 18 июли соли 2022 таҳти рақами №14 ҷиҳати хомӯш кардани барқ дар корхона аз ҷониби «Шабакаҳои тақсимоти барқ» — и минтақаи Кӯлоб мавриди баррасӣ қарор дод.

Тибқи маълумоти ҶДММ «Ориён — Рустам» — и шаҳри Кӯлоб аз 14 июни соли 2022 барқи корхона бе огоҳӣ аз ҷониби кормандони «Шабакаҳои тақсимоти барқ» -и минтақаи Кӯлоб хомӯш карда шуда, 30 тонна маҳсулоти гӯштӣ, аз ҷумла маҳсулоти нимтайёри гӯштӣ (ҳасибҳои гуногун), ба маблағи 76 ҳазору 480 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд — 85 ҳазор сомонӣ ва фарши мурғ — 485 ҳазору 850 сомонӣ, ҳамагӣ ба маблағи 647 ҳазору 330 сомонӣ вайрон шудааст…».

Дар банди дигари мактуби муовини раиси вилояти Хатлон З. Файзуллозода чунин нигошта шудааст: «Дар асоси гузориши ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» қарздорӣ 587 ҳазору 707,03 сомонӣ буда, ба соҳибкори инфиродӣ Ғафуров Т. тааллуқ дорад. ҶДММ «Ориён — Рустам» дар асоси санади муқоисавӣ ба 1 июни соли ҷорӣ 662 сомонию 58 дирам ҳақдор мебошад. Ба шумо тавсия дода мешавад, ки масъалаи мазкур баҳси судӣ буда, барои ҳалли он ба мақомоти судӣ муроҷиат намоед».

Аз ҷавобу хулосаи муовини раиси вилояти Хатлон З. Файзуллозода бармеояд, ки қарзи барқ аз ҶДММ «Ориён — Рустам» набуда, ба соҳибкори инфиродӣ Т. Ғафуров тааллуқ доштааст.

Ҳамин тариқ, роҳбари корхона Амриддин Рустамов барои ҳақро ба ҳақдор расонидан ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон мактуб ирсол кардааст. Нусхаи аризаю мактубҳои роҳбари корхона дар дасти мо низ ҳаст.  Мутмаинем, ки пас аз нашри матлаби мазкур баҳри ҳақро ба ҳақдор расонидан бетаъхир тадбирандешӣ мешавад.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»

Р.S: Далелу арқом аз ҳуҷҷатҳои расмӣ ва сабти садо рӯи коғаз оварда шудааст.