Ба мо муроҷиат мекунанд

Чаро модар норозист?

№30 (4613) 27.02.2023

Ба унвони идораи рӯзномаи «Садои мардум» номаи модари 74 -сола бо замимаи беш аз сад саҳифа мактубу дархостҳо ба мақомоти гуногун, ҳалномаҳои суд ва дигар ҳуҷҷатҳо ворид гардид. 

«Ман зани солхӯрдаи тоҷик ҳафт набераи ятимро ба воя расонда истодаам. Нисбати мушкилоти ба сарам омада ба бисёр мақомот муроҷиат кардам, вале ба ҷойи дарёфти ҳалли масъалаҳои мавҷуда, баръакс ташвишу саргардониҳоям зиёд шуд», — чунин аст хулосаи сокини шаҳри Исфара, Ҷамоати деҳоти «Нефтобод», кӯчаи Ҷ. Румӣ Ашӯрбибӣ Собитова. Маълум гардид, ки ин зани солхӯрда дар хусуси ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара муроҷиат намудааст. Оилаи онҳо дар рӯйхати камбизоатони шаҳраки Нефтобод қарор гирифта, дар як манзил 13 нафар зиндагӣ мекунанд. Бо қарори раиси шаҳри Исфара аз 19-уми ноябри соли 2019 таҳти №708 барои онҳо қитъаи замин ҷудо шудааст. Вале бинобар дар селроҳа қарор доштани ин қитъа он ҷо барои зиндагӣ хавфнок аст. Бинобар ин, Ашӯрбибӣ Собитова барои иваз кардани қитъаи замин борҳо ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара муроҷиат кардааст. Ин нуктаҳо дар ҳалномаи Суди шаҳри Исфара аз 30-юми августи соли 2022 низ шарҳу тавзеҳ ёфта, суд қарор кардааст:

«Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара уҳдадор карда шавад, ки бар ивази қитъаи замини ҷудокардашуда ба андозаи 0,08 гектар аз ҳисоби заминҳои фонди манзили Ҷамоати шаҳраки Нефтобод дар асоси қарори раиси шаҳри Исфара аз 19-уми ноябри соли 2019 таҳти №708 ба Шавкатзода Меҳрубон (набераи А. Собитова. Б. К.) ҳамчун эҳтиёҷманд аз ҳудуди ҷамоат қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз мавзеи бехавф ҷудо намояд».

Аммо маълум мегардад, ки бо вуҷуди эътибори қонунӣ пайдо кардан, он аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара иҷро нашудааст. Дар ин миён, ба қавли А. Собитова, ӯ ба чандин мақомот муроҷиат карда, арзи матлаб намуда, дар ҷараёни ин кор бо ноадолатиҳои зиёд дучор омадааст.  Дар ин бора соли 2021 вай ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» муроҷиат кардааст. Вобаста ба муроҷиати ин шаҳрванд дар шумораи № 21 аз 1- уми феврали соли 2021 мақолаи Ҷовиди Аштӣ таҳти унвони «Ашӯрбибӣ Собитова: Хостам дарди диламро ба «Ҷумҳурият» гӯям» ба нашр расидааст. Аммо то ба ҳол мушкили модари 74 — сола Ашӯрбибӣ Собитова ҳалнашуда боқӣ мондааст. Дар нома ва ҳуҷҷатҳои ба идораи рӯзномаи «Садои мардум» пешниҳоднамудаи ин шаҳрванд далелҳои зиёд мавҷуданд, ки таҳлилу баррасии мақомоти марбутаро талаб мекунанд.

Дар номааш ба идораи рӯзномаи «Садои мардум» ин зани солхӯрда, пеш аз ҳама, аз масъулони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара шикоят кардааст.

Ин қазияро Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара чӣ тавр шарҳ медода бошад?

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,

 «Садои мардум»