Нигоҳ ба гузашта

Чаро нисбат ба рӯйдоди таърихӣ бепарвоем?

№104 (4366) 17.08.2021

Калъа105 сол муқаддам дар шаҳри Хуҷанд шӯриши оммавӣ сар зад, ки онро олимону муҳаққиқон миллӣ — озодихоҳӣ арзёбӣ кардаанд.

Муаррихи варзидаи тоҷик Темур Каримов бахшида ба он рӯйдод бо номи «Шӯриши соли 1916 дар Тоҷикистон» китоби мукаммал таълиф намудааст. Ӯ яке аз сабабҳои асосии шӯришро дар мардикоргирии мардуми маҳаллӣ барои мустаҳкам намудани ақибгоҳи армияи амалкунандаи Россия номида, аз ҷумла, нигош­тааст: «2 июли соли 1916 сардори уезди Хуҷанд полковник Рубах ва ҷонишини ӯ подполковник Артсишевский ҳокимони волостҳо, сардорони политсияи участкаҳо ва дигар амалдорони подшоҳиро даъват намуда, фармони подшоҳро дар бораи ба ақибгоҳи армияи амалкунанда сафарбар намудани аҳолӣ эълон карданд».

Дар идома қайд шудааст, ки мувофиқи тақсимот аз шаҳри Хуҷанд бояд 2708 нафар ба ақибгоҳ фирис­тода мешуд. Барои амалӣ намудани қарор сардори политсияи шаҳр капитан Устимович маҷлис ороста, оқсақоли калон Мирзобаҳодур Мирзоқосимов, қозӣ Саидаҳмадхоҷа Бузургхоҷаев, депутати думаи шаҳрӣ Мирзо Муъминов, савдогару амалдори калон Комилҷон Олимҷонов, намояндаи маъмурияти маҳаллӣ Мирзоқобил Умаровро вазифадор сохт, то баҳри иҷрои фармон чора андешанд. Фармон ба зулму истибдоде, ки мардуми маҳаллӣ мувоҷеҳ буданд, зам гардида, «болои сӯхта намакоб» шуд. Косаи сабри аҳолӣ пур гардида, он рӯз ба назди масҷиди ҷомеъи Шайх Маслиҳатдин ҷамъ омада, нисбат ба қарор эътироз карданд. «Мардуми бахашмомада ба ин талаб бо қатъият гуфтанд, ки «ба аскарӣ одам намедиҳем». То бегоҳ хашму ғазаб тамоми шаҳрро фаро гирифт ва мувофиқи хабаре, ки Артсишевский ба генерал — губернатори кишвар равона кардааст, шаби 4 июл дар шаҳри куҳна, бозори Панҷшанбе ба муносибати ба корҳои ақибгоҳи армия даъват карда шудани аҳолӣ ошӯби мардуми маҳаллӣ ба амал омад» (Т. Каримов, «Шӯриши соли 1916 дар Тоҷикистон», саҳ. 58).

Тавре сарчашмаҳои таърихӣ иттилоъ медиҳанд, бо мақсади паст кардани хашми мардум ҳукуматдорони маҳаллӣ эълон мекунанд, ки амали фармони мардикоргирӣ ба корҳои ақибгоҳи армияи амалкунанда муваққатан боздошта шудааст. Аммо «инҳо дурӯғ мегӯянд, ба Мирзобаҳодур — оқсақолу ҳамроҳонаш бовар накунед» — гӯён ба назди идораи политсияи шаҳрӣ (имрӯза матбааи аввалини шаҳри Хуҷанд) рафта, сардори уезд Рубахро даъват мекунанд, то муваққатан қатъ шудани амали фармонро шахсан гӯяд. Набудани Рубах дар ҷойи кор ва пинҳон шудани оқсақолу қозии шаҳр ҳозиринро хашм­ноктар сохт ва бетартибӣ ба авҷи аъло расид. Аз ҷониби политсияҳо ба издиҳом тир парронда шуд.

Аз рӯи маълумоти таърихӣ, кушташудагон сокини маҳаллаи «Хосабофон» Муҳаммадҷон Миробидови 23 — сола, сокини маҳаллаи «Тангак» Оқилшайх Неъматшайхови 80-сола ва ярадоршуда сокини маҳаллаи «Пахтакашон» Мирзоҳид Мирфайзиеви 23 — сола буданд. Маълум мегардад, ки оқсақолону сарватмандони маҳаллӣ низ дар шӯриш бераҳмиро нисбат ба ҳаммиллатон раво дидаанд. Далели ин гуфтаҳо аз ҷониби оқсақоли калони шаҳр Мирзобаҳодур Муъминов парронда шудани се иштирокчии шӯриш Мирзоҳид Мирфайзиев, Махсумхон Олимхонов ва Шокаримов аст.

Дар шӯриш баробари инқилобчиён Ҷӯра Зокиров, Ҷӯра Алӣ, Зубайдулло Раҳматуллоев, Абду Мадаминов, Дадобой Машарифов, Яҳёхон Қориолимхонов, Эшонхон Мирзоурунов ва Бисолиҳа Қобилхоҷаева (байни мардум ин зан бо номи Ходими ҷамолак маъруф буд) фаъол буданд. Дар китоби «История Ленинабада» дар бораи корнамоии он зани далеру шуҷоъ чунин сатр­ҳоро хондан мумкин аст: «Дар ин шӯриш Ходими ҷамолак қаҳрамонӣ зоҳир кард. Нотарсона аз дасти яке аз политсайҳо шамшерашро кашида гирифта, ду пора кард».

Минбаъд чунин шӯришҳо дар Ашти Поёну Ашти Боло, волостҳои Қистақӯзу Ӯротеппа, Шаҳрис­тон, бекигарии Қубодиёну Қаротегин, Шаҳрисабзу Бухоро, Ҷиззах низ рух медиҳанд. Ва онҳо бераҳмона пахш шуда, ҳазорҳо одамон бадарға ва амволу заминашон мусодира мегардад. Масалан, дар уезди Ҷиззахи вилояти Самарқанд то 600 оила бадарға карда шуд. Дар Хуҷанд бошад, бо фармони полковник Рубах ҳолати ҳарбӣ эълон шуда, политсайҳо бе пурсиш одамонро калтаккӯб мекарданд.

Бино ба маълумоти таърихӣ, дар мавзеи ҳозираи Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият»-и шаҳр барои шӯришгарон лагери махсус сохта, 400 иштирокчӣ қатл шудаанд.

Ба он рӯйдоди таърихӣ Нависандаи халқии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил низ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар қисми якуми романи «Одамони ҷовид» ду бобро бахшидаанд.

Ҳаким Карим ва Дунган (тахаллуси академик З. Ш. Раҷабов) соли 1940 драмаи «Соли 1916» навишта, драматург Султон Сафаров соли 1964 драмаи «Шарораҳои Хуҷанд»-ро эҷод кард.

Шӯриши Хуҷанд ва волостҳои он зуд ба гӯши меҳнаткашони Самарқанду Сирдарё, Семипалатинску Фарғона, Закаспий, Акмолинск, Уралу вилояти Турғайи Қазоқистон расида, онҳоро таҳрик бахшид. Муаррих Темур Каримов менигорад: «Баъд аз воқеаҳои Хуҷанд дар тамоми территорияи Осиёи Миёна ошӯбҳо ба амал омада, шӯриши халқи қазоқ бо роҳбарии Амонгелдӣ Имонов калонтарин маҳсуб мешуд».

Мутаассифона, дар робита ба ин рӯйдоди муҳими таърихӣ дар ҷумҳурӣ чорабиние баргузор нашуд. Ҳол он ки заминаи ҳаракати миллӣ — озодихоҳии Осиёи Марказӣ маҳз дар шаҳри Хуҷанди бостон гузошта шудааст.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»