«Дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имон аст». Агар дар ҳақиқат мо Ватани худро дӯст дорем, пас муваззаф ҳастем, ки оромию осудагии он мароми ҳамешагиамон бошад. Барои амалӣ гардидани ин армонҳои наҷиб пеш аз ҳама зарур аст, ки қонунҳои амалкунандаи кишварамонро эҳтиром ва риоя кунем. Риояи қонун барои низоми рушди кишвар созгор буда, метавонад ҳар гуна ҷиноятро пешгирӣ кунад. Дар баробари ин бояд сокинони мамлакат хуб огоҳ бошанд, ки надонистани қонун вайронкунандаи онро аз ҷавобгарӣ озод намекунад.
Барои ин дар ҳудуди ҳама шаҳраку деҳаҳо лозим аст, ки гурӯҳҳои таблиғотӣ аз ҳисоби мақомоти худидораи маҳаллӣ корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳиро хуб ба роҳ монанд, то сокинони диёрамон аз муҳтавои қонунҳо ва санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ хуб огоҳӣ дошта бошанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» яке аз қонунҳои муҳиме мебошад, ки донистани он аз манфиат холӣ нест ва бояд сокинони мамлакат аз мазмуну муҳтавои он хуб огоҳ бошанд. Пӯшида нест, ки бо сабаби надонистани қонуни мазкур даҳҳо шаҳрванд ба ҷиноят даст задаанд ва боиси ба ҷавобгарӣ кашидани эшон шудааст. Чанде пеш шоҳиди чунин ҳодиса будам. Судяи Суди ноҳияи Рашт А. Холиқзода дар маҷлиси кушодаи судӣ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбат ба ҳуқуқвайронкунанда А., соли таваллудаш 1982, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Рашт, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, бекор, оиладор, соҳиби панҷ фарзанд дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 4742 қисми яки Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда баррасӣ намуд.
Муайян шуд, ки ҳуқуқвайронкунанда А. аз моҳи августи соли 2022 то охири моҳи январи соли 2023 бар хилофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» амал намуда, бе иҷозати мақомоти дахлдор аз китоби «Қоидаи бағдодӣ» дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар ноҳияи Рашт, Ҷамоати деҳоти «Қалъаи сурх», деҳаи Хост ба додани таълимоти ғайриқонунии динӣ ба ноболиғон, ки хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №111 мебошанд, машғул шудааст.
Барои ин кирдори зиддиқонуниаш кормандони Раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои водии Рашт барои риоя накардани қонуни мазкур ба моддаи дар боло зикршуда парвандаи ҳуқуқвайронкунӣ оғоз карданд.
Ҳуқуқвайронкунанда А. дар мурофиаи судӣ ба гуноҳаш пурра иқрор шуда, гуфт, ки аз сабаби надонистани қонуни амалкунанда бе иҷозати мақомоти дахлдор ба ноболиғони ҳамдеҳааш таълими динӣ додааст.
Мавсуф зани хонанишин буда, дар ҷое кор намекунад ва ба тарбияи фарзандони худ машғул аст ва оилааш аз тарафи Ҷамоати деҳоти «Қалъаи сурх» ҳамчун оилаи камбизоат ба қайд гирифта шудааст. Ӯ аз кори кардаи худ пушаймон буда, аз суд дархост кардааст, ки барояш ҷазои сабуктар таъин кунад.
Судя ҳангоми таъин намудани ҷазои маъмурӣ ба шаҳрванд А. хусусиятҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамудаи ӯ, шахсияти гунаҳкор, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмуриро ба назар гирифт.
Ҳамаи ҳолатҳои кор, шахсияти ҳуқуқвайронкунанда А., ҳолатҳои сабуккунандаи ҷавобгарии маъмурӣ ва сабабҳои содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмуриро мавриди муҳокима қарор дода, судя ба хулоса омад, ки ҳуқуқвайронкунанда онро бори аввал содир намуда, аз кирдори содирнамудааш сидқан пушаймон буда, дар тарбияаш чор фарзанди ноболиғ дошта, оилааш яке аз оилаҳои камбизоати деҳа ба ҳисоб рафта, муваққатан бекор буда, шароити зиндагиаш дар ҳолати вазнини моддӣ қарор доштанашро ҳамчун моддаи истисноӣ шуморида, аз ҷазои маъмурии ҳадди ақали пешбининамудаи моддаи 4742 қисми яки КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастрасии моддаи 48 қисми 5 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаримаи маъмурии пасттар таъин карданро мувофиқи мақсад шуморид.
Ҳамин тариқ ҳуқуқвайронкунанда А. бо моддаи 4742 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастрасии қисми 5-и моддаи 48 Кодекси мазкур ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 37 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 2516 сомонӣ ба фоидаи давлат, таъин карда шуд.
Қарори мазкурро мутолиа мекардаму пайи он андеша рафтам, ки барои пешгирии чунин қонунвайронкуниҳо онҳое, ки метавонанд ба сокинони ноҳия муҳтавои қонунҳоро бирасонанд, бояд вазифадор бошанд. Агар шаҳрванд А. аз қонуни мазкур огоҳӣ медошт, ҳеҷ гоҳ ба чунин кирдор даст намезаду баъдан пушаймон намешуд ва ин панди бузургонро пилтаи гӯш мекард: «Чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ?!».
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»