Ҷавонон бо ваъдаи дарёфти замин барои сохтани хона фаъолият дар мактабҳоро бо маоши кам қабул мекунанд. Аммо аксарият аз ин имтиёз маҳруманд.
Ҷумъагул Саидова дар МТМУ №3-и ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ба ҳайси директор фаъолият дорад. Ба ин вазифа чаҳор моҳ пеш таъин шудааст.
«Бо дастгирии падару модарон дар мактаб ошхона сохтем. Нақша дорем, ки боз синфхонаҳои иловагӣ бунёд намоем», — гуфт номбурда.
Ӯ хона надорад ва наметавонад, барои худ манзил созад. Сокини деҳаи Асроҷ Раҷабови ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон буда, аз соли 2014 дар талоши дарёфти қитъаи замини наздиҳавлигӣ аст. То ин замон талошҳои ӯ натиҷа наовардаанд. Ӯ 13 сол аст, ки дар мактаб кор мекунад.
«Соли 2011 издивоҷ кардам. Шавҳарам таҳсилнакарда буд. Модари шавҳарам ба омӯзгор шуданам зид буд. Писарашро маҷбур кард, ки маро талоқ диҳад», — нақл кард Саидова.
Баъд аз се соли издивоҷ шавҳар ӯро бо як фарзанд талоқ дод. Ҷумъагул дар хонаи волидон зиндагӣ мекард. Шавҳар ба ӯ ва фарзандаш кумак намерасонд.
Ҷумъагул 800 сомонӣ маош мегирад, ки барои пардохти иҷораи манзил намерасад.
«Қариб ду сол иҷоранишин будам. Аз як хона ба хонаи дигар мекӯчидам. Дигар аз уҳдаи пардохти манзили иҷора набаромадам, ноилоҷ ба хонаи падару модарам баргаштам», — гуфт вай.
Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ гуфтанд, ки аризаи Ҷумъагул Саидова барои дарёфти замини наздиҳавлигӣ дар марҳилаи баррасӣ аст.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ Шаҳноза Маҳмадсаидзода 12 май, зимни суҳбат, ваъда дод, ки барои қонеъ кардани дархости Саидова мусоидат хоҳад кард.
«Муаллимаро мешиносам, аз мушкилаш огоҳ ҳастем», — гуфт мудири шуъбаи маориф.
Муовини раиси ноҳияи Дӯстӣ Зебо Шарифзода низ гуфт, ки аз мушкилоти Ҷумъагул Саидова огоҳ аст.
- Ба ӯ фаҳмонида будам, ки бояд ба куҷо муроҷиат кунад, — зикр кард Зебо Шарифзода.
Аммо чаро бо гузашти ҳашт сол муроҷиати ӯ қонеъ нашудааст? Суолест, ки посух металабад.
Тибқи иттилои мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ, соли 2021 аз ҳисоби омӯзгорони ҷавон ба се нафар барои сохтани манзил замин додаанд. Дар навбат 13 тани дигар истодаанд. Аммо дар ин рӯйхат Ҷумъагул Саидова нест.
Аз соли 2007-ум 2215 омӯзгори ҷавони вилоят соҳиби замини наздиҳавлигӣ шудаанд. Аз ин шумора 20 нафар аз ноҳияи Дӯстӣ мебошанд.
Ин оморро дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон тасдиқ карда, гуфтанд, ки 611 омӯзгор соҳиби қарзҳои имтиёзнок низ гардидаанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»