То фаъол гардидани маркази худкори «Шаҳри бехатар» қисмати бештари ронандагон «шоҳу таъбашон вазир» буд. Чун қонунвайронкунияшон боиси холишавии киса гардид, гардан фароварданд ва ҳоло аксар кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоянд. Биноан, ибтикори мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба масъалаи зикршуда рабт дорад, муҳиму саривақтӣ мебошад.
Масъалае, ки мехоҳам таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаро ба он ҷалб намоям, мавҷуд набудани тавозун дар қонунгузорӣ вобаста ба истифодаи бемавқеи телефони мобилӣ аз ҷониби ронандагону пиёдагардон аст. Тавре иттилоъ дорем, хеле пештар аз ҷониби мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат қонун қабул гардид, ки дар асоси он барои истифодаи телефони мобилӣ ҳангоми рондани воситаи нақлиёт муҷозот пешбинӣ шудааст. Дар ин замина, теъдоди зиёди ронандагон ҳар рӯз ҷарима мешаванд ва бино ба гуфти масъулини Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин намуди қонуншиканӣ тамоюли камшавӣ касб намудааст. Аз ин бармеояд, ки татбиқи қонун самар овардааст.
Дар ҳамин ҳол, истифодаи бемавқеи телефонҳои мобилӣ, алалхусус ҳангоми аз роҳ гузаштан, аз ҷониби аксар пиёдагардон боиси нигаронӣ аст. Ронандагон аз он шикоят мекунанд, ки пиёдагардон ҳангоми убури роҳ намоишкорона бо телефон суҳбат карда, бо бетафовутӣ ба торҳои асаби ронандагон нохун мезананд. Ба ғайр аз ин, зиёданд ҳолатҳое, ки пиёдагардони саргарми гуфтугӯ бо телефон боиси рух додани садамаҳои нақлиётӣ шудаанд.
Чанде пеш дар Интернет мақола мутолиа кардам, ки дар он аз хусуси он хабар додаанд, ки мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори ИМА – Конгресс, ки аз Cенат ва Палатаи намояндагон иборат аст, ба қонунгузорӣ дар робита ба масъалаи зикршуда тағйирот ворид намудааст. Тибқи он пиёдагардоне, ки ҳангоми гузаштан аз роҳ бо телефони мобилӣ суҳбат мекунанд, дар навбати аввал аз 15 то 40 ва дар сурати такрор шудани ҳолат то 100 доллари ИМА ҷарима мешаванд. Бино ба иттилои сохторҳои дахлдор, ҳар сол дар Амрико, бинобар сабаби фавқ, зиёда аз 11000 нафар ҷароҳат бардошта, қисмате ҳалок мешаванд.
Аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни фаъолияти қонунэҷодкунӣ аз таҷрибаи ҳамтоёни хориҷии хеш истифода мекунанд. Бо дарназардошти муҳимият, пайравӣ намудани онҳоро ба иқдоми аъзои Сенат ва вакилони Палатаи намояндагони конгресси ИМА дар робита ба муқаррар намудани муҷозот вобаста ба истифодаи телефонҳои мобилӣ ҳангоми гузаштан аз роҳ бамаврид меҳисобем.
Далер Мерганов, «Садои мардум»